• Home »
  • ХАБАР »
  • Силсила вохуриҳои кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт
Силсила вохуриҳои кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

Силсила вохуриҳои кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

  Милитсия ва маориф яке аз ниҳодҳои муҳимми давлат ба ҳисоб рафта, робита ва ҳамкории онҳо метавонад ба балнд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии насли наврасу ҷавон заминаҳои мусоид фароҳам оварад. Вобаста ба ин дар доираи нақша чорабиниҳои якҷояи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт силсила вохуриву мулоқотҳои судманд баргузор гардида истодааст.


  Аз ҷумла, мулоқоти навбатӣ бо хонандагони МТМУ №29 ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур сардори Шуъбаи огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Табарович ва корманди шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Қудратов Хушқадам ширкат намуданд.

  Дар ҷараёни мулоқот сардори ШОПҲНҶ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, бо овардани факту далел аз ҷараёни тафтиши парвандаиҳои ҷиноятӣ, ки бевоситаи аз ҷониби наврасон содир гардидаанд, ҳозиринро ба омӯзишу аз бар намоии илму дониш даъват намуд. Ба андешаи номбурда тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, дар андухтани илму дониш ва ба таҳсил фаро гирифтани насли ҷавон талош намоянд. Зеро танҳо насли бо илму маърифат ва дорои сатҳи баланди донишҳои тахассусӣ дар пешрафту шукуфоӣ, суботу оромӣ ва тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар саҳм гузошта метавонад.


  Дар идомаи чорабинии мазкур муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Табарович, корманди шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Қудратов Хушқадам низ дар баромадҳои худ омилу сабабҳои даст задани наврасону ҷавонон ба амалҳои номатлубро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр карданд, ки барои бунёд ва рушди ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёди демократию дунявӣ робитаи намояндагони касбу кори гуногун бояд қавитар гардад.
  Иштирокчиёни чорабинӣ, ба хусус наврасону ҷавон аз баргузории чунин ҷамъомади маърифатии омӯзанда барои худ маълумоти муфид гирифта, дарк намуданд, ки барои расидан ба мақсадҳои нек ва обруманду соҳибэҳтиром гардидан дар ҷомеа инсонро танҳо кору амали нек ва рафтори шоистааш арҷманд месозад. Албатта, дар ҷомеа, ки шаҳрвандон ба қонун эҳтироми хос мегузоранд, ҳеҷ ягон зуҳуроте наметавонад ба рӯзгори хӯши онҳо халал расонад.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin