Мулоқоти судманд бо хонандагони МТМУ №92-и н.Сино

Мулоқоти судманд бо хонандагони МТМУ №92-и н.Сино

  Дар доираи нақша чорабиниҳои якҷояи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.


  Зимни мулоқоти мазкур сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа вобаста ба тарзу усулҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ба ин васила дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд. Чуноне номбурда зикр кард, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ мутаасифона боз ҳастанд наврасоне, ки аз бемасъулиятии волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъуланд суистифода намуда, даст ба қонуншиканӣ мезананд.


  Мутаассифона вақтҳои охир содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард, махсусан корд аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ба чашм мерасанд, ки боиси нигаронист. Вобаста ба ин номбурда бо овардани факту далелҳо воқеаӣ аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо иштироки ҷавонону ноболиғон ҳозиринро ба андухтани илму дониш даъват намуд.


  Дар идомаи мулоқоти мазкур муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Табарович ва директори муассисаи мазкур Қаландарзода Сорбон суханронӣ намуданд.
  Чуноне сарвари муассисаи таълимии мазкур иброз дошт, соли ҷорӣ хонандагони МТМУ №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ба иттилои номбурда имсол алакай 12-нафар хонандагон дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки бозгӯи сатҳи баланди таълиму тадрис дар ин муассисаи таълимии пойтахти кишвар мебошад.


  Дар охир хонандагон низ ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориву шароитҳои фароҳам намудаи давлату Ҳукумати кишвар иброз доштанд, ки вақти пурқиммати худро беҳуда сарф накарда, пайваста ба омӯзиши илму дониш машғул хоҳанд шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin