• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов
Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов

Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов

  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамиёнгузошташуда, мулоқоти навбатии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов доир гардид, ки дар он шумораи зиёди донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат иштироки фаъол намуданд.


  Қобили зикр аст, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқ намудани Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохуриву мулоқоти озоду ошкорои кормандони милистия ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасон, бо донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт баргузор гардида истодааст.


  Зимни мулоқот сардори Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов таъкид намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасб гаштани онҳо якчанд барномаҳои мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки метавонанд баҳри дастгирии онҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандии худро, ки маҳз таҳсили илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад, иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавии худ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну миллати тоҷик гарданд.


  Зимни мулоқот Ҳамидзода Бароталӣ оид ба баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо мақомоти милитсия ибрози андеша намуда, аҳли нишастро даъват кард, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати муборизаи беамон бо унсурҳои халалдоркунандаи тартибот бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд. Зеро ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа ба донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар сокини пойтахт вобаста аст.


  Мавсуф ҳамзамон бо изҳори таассуф аз пайравии ҷавонон ба рафтору гуфтори ғайритоҷикона ва даҳҳо падидаҳои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки барои пешгирии чунин омилҳои номатлуб ҳар як нафар бояд саҳм гузорад.
  Дар идома аз ҷавонон алахусус таълимгирандагони ин боргоҳи илму маърифат даъват ба амал оварда шуд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ бе зарурат истифода набаранд, зеро гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд аз камсаводии баъзе аз ҷавонон истифода карда, онҳоро фирефтаи гӯрӯҳҳои хеш гардонанд.
  Дар охир як қатор донишҷӯён ва ширкаткунандагони мулоқоти мазкур низ суханронӣ намуда, ҳамзамон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin