• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти навбатии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таълимии №48
Мулоқоти навбатии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таълимии №48

Мулоқоти навбатии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таълимии №48

  Имрӯз вохурии навбатии кормандони милитсия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
  Дар ин мулоқот сардори Хадамоти огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Худоёров Фарҳод Табарович ва намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Нахуст сардори ШОПҲНҶ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён суханронӣ намуда, доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва баргузории рейду амалиётҳои пешгирикунанда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ба андешаи номбурда, ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бояд тамоми қишрҳои ҷомеа дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, дар андухтани илму дониш ва ба таҳсил фаро гирифтани насли ҷавон талош намоянд.


  Дар идомаи чорабинии мазкур муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров ва корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе зимни суханрониҳояшон омилу сабабҳои даст задани наврасону ҷавонон ба амалҳои номатлубро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки барои пешрафту шукуфоии кишвар ва бунёди давлати мутараққию обод бояд пеш аз ҳама ҷавонон ба илму дониш фаро гирифта шаванд.


  Имрӯз аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар барои маърифатнокии ҷавонон тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шуда, ҷавононро мебояд ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷиҳати омӯзишу таҳсил пайваста бояд талош намоянд.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни баромадкунандагону хонандагон саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin