• Home »
  • ХАБАР »
  • «Душанбе шаҳри гулҳо»: ҷамъбасти озмуни рассомӣ миёни фарзандони кормандони милитсияи пойтахт
«Душанбе шаҳри гулҳо»: ҷамъбасти озмуни рассомӣ миёни фарзандони кормандони милитсияи пойтахт

«Душанбе шаҳри гулҳо»: ҷамъбасти озмуни рассомӣ миёни фарзандони кормандони милитсияи пойтахт

  Бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва дар рӯҳияи ватандорӣ тарбия намудани фарзандон, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе озмуни рассомӣ миёни фарзандони кормандони милитсияи пойтахт, таҳти унвони «Душанбе шаҳри гулҳо» доир гардид.
  Дар муддати зиёда аз як моҳи баргузории озмуни мазкур наздики 100-адад расмҳо, ки ҳама эебогиҳову гулгаштҳои шаҳри Душанберо васф мекарданд, ба ҳайати комиссия ворид гардид, ки дар натиҷа беҳтаринҳо муайян карда шуданд.


  Ҳамин тавр тибқи хулосаи ҳайати комиссия,
Шеравганзода Маҳфуза Шеравган, хонандаи синфи 7А-и МТМУ №8-и н. И.Сомонӣ, сазовори ҷойи аввал;

Раҳматуллоева Шоҳона Бахтиёровна, хонандаи синфи 6А-и Литсейи иноватсионӣ дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм;


Валиева Омина Раҳимовна, хонандаи синфи 6Е-и МТМУ №21-и ноҳияи Шоҳмансур, сазовори мақоми сеюм дониста шуданд.


  Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin