• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт ва ҳабси ронанда барои озори ҷавондухтари роҳгузар
Боздошт ва ҳабси ронанда барои озори ҷавондухтари роҳгузар

Боздошт ва ҳабси ронанда барои озори ҷавондухтари роҳгузар

  Санаи 2-юми майи соли ҷорӣ, як нафар ҷавондухтар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21010», рақами қайди давлатиаш 2110RС01, аз мақомоти милитсия дархост намуд, то нисбати ҷавони дар автомашина буда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбати як ҷавондухтари роҳгузар беэҳтиромӣ ва дар қисмати қафои баданаш бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сатторов Дилшод Саидраҳмонович, санаи таваллудаш 14.09.1998, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳаи Меҳробод мебошад.
  Зимни пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор намуда, сидқан изҳори пушамонӣ намуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сатторов Дилшод протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin