• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти зане, ки бо санг банкоматҳои «Душанбе сити»-ро зада шикаст
Боздошти зане, ки бо санг банкоматҳои «Душанбе сити»-ро зада шикаст

Боздошти зане, ки бо санг банкоматҳои «Душанбе сити»-ро зада шикаст

  Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ шикояти шаҳрвандон оид ба надоштани маблағ ва фаъол набудани баъзе дастгоҳҳои худкори бонкӣ (банкомат) нашр шуда, боиси норозигии мизоҷон гардидааст. Аммо дар ҳеҷ ҳолат наметавонад боиси он шавад, ки як шаҳрванд худсарона чунин дастгоҳҳои худкори бонкиро шикаста корношоям намояд.
  Аз ҷумла, дар як қатор шабака ва сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо санг зада шикастани ду адад банкомати ҶДММ «Душанбе сити» аз ҷониби як нафар зан инъикос ёфтааст.

  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани дар навор инъиксоёфта шаҳрванд Муминова Меҳрафрӯз соли таваллудаш 08.09.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик деҳаи М.Турсунзода мебошад.
  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи С.Айниро зада корношоям намудааст.
  Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin