Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи хатсайри №2

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи хатсайри №2

  Як нафар шаҳрванд, истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати ронандаи автомашинаи мусофиркашони хатсайри №2 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои номбурда ронандаи автомашинаи мазкур имрӯз (14.04.22.) тақрибан соати 8:00, ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ аз маҳаллаи Гипрозем то кӯчаи Чанори Кӯҳан (Профсоюз), ки дар дохили автомашина тақрибан 15-20 нафар мусофирон буданд, ба қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ аз қабили суръати баланд, муқобили самт ва итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо даст задааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 2018ТТ05, шаҳрванд Алиев Диловар Неъматович мебошад, ки ба қоидавайронкунии содирнамудаи худ иқрор намуд.
  Вобаста ба ин нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin