Ошкорсозии як чанд далели идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона

Ошкорсозии як чанд далели идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона

  Идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва ё рақами қалбакӣ, яке аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳлил ва нишондодҳо чунин афрод танҳо бо мақсади худнамоӣ ва аз ҷавобгарӣ дур гардидан, ба автомашинаи худ рақамҳои қайди давлатии бегона ва рақами қалбакиро насб мекунанд.
  Мутаассифона вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандон рақамҳои автомашинаи ба ширкату корхонаҳо тааллуқдоштаро ба дигар автомашинаҳои шахсӣ насб ва мавриди истифода қарор медиҳанд, ки бо ин амалашон талаботҳои қонунгузориро дағалона вайрон мекунанд.
Аз ҷумла, зимни санҷиши навбатӣ 3-ҳолати насбу истифодаи рақамҳои қайди давлатии бегона ошкор карда шуд.
  Сияров Далер Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла» рақамҳои қайди давлатиаш 1992DS01. Номбурда ба автомашинаи худ рақамҳои қайди давлатии 111VV0-ро, ки ба ҶДММ «Чархи иқбол» ва автомашинаи тамғаи «ДЕУ-Некси» тааллуқ дорад насб ва мавриди истифодабарӣ қарор додааст.


  Махсумов Зиёдулло Исматуллоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри», рақамҳои қайди давлатиаш 0007QA01. Номбурда ба автомашинаи худ рақамҳои қайди давлатии 007W07-ро, ки ба ҶДММ «Комиссионторг» тааллуқ дорад насб намудааст.


  Ашуров Саъдӣ Раҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақамҳои қайди давлатиаш 0070BV01, ба автомашинаи худ рақамҳои қайди давлатии бегонаи 4444LF01-ро насб кардааст.


  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin