• Home »
  • ХАБАР »
  • Дучархадузд дастгир ва силсила ҷиноятҳои номбурда ошкор гардид
Дучархадузд дастгир ва силсила ҷиноятҳои номбурда ошкор гардид

Дучархадузд дастгир ва силсила ҷиноятҳои номбурда ошкор гардид

  Мақсад аз татбиқи ислоҳоти милитсия пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва ба даст овардани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мебошад. Маҳз натиҷаи чунин ҳамкориҳост, ки имрӯзҳо шаҳрвандон бо мушоҳидаи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта, ҷиҳати таъмини тартибот ва барқарорсозии волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд.
  Аз ҷумла, чанде пеш навори дучархадуздии як нафар ҷавон дар шабакаҳои ичтимоӣ нашр гардид, ки маҳз дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ ва кумаки шаҳрвандон нафари гумонбар дастгир гардида, силсила ҷиноятҳои дуздӣ ошкор карда шуданд.


  Муайян гардид, ки ҷавони дар навор инъикосёфта шаҳрванд Зоитов Рустам Фурқатович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ мебошад.
  Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар 3-ҳолати ҷинояти дуздӣ даст дошта, дучархаҳои шаҳрвандонро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст, ки дар умум ба ҷабрдидагон ба маблағи 6-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
  Аз ҷумла, санаи 26-уми январи соли ҷорӣ як адад дучархаи сокини пойтахтро аз амборхонаи манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Мир, ки арзишаш 3-ҳазор сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.


  Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin