• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: Навори муноқишаи ҷавонон дар фурудгоҳ ба «облава» рабт надорад!!!
Вокуниш: Навори муноқишаи ҷавонон дар фурудгоҳ ба «облава» рабт надорад!!!

Вокуниш: Навори муноқишаи ҷавонон дар фурудгоҳ ба «облава» рабт надорад!!!

  Санаи 9-уми апрели соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи 3-нафар ҷавон инъикос ёфта, шаҳрвандон ин ҳолатро ба «облава» рабт медиҳанд. Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳодисаи мазкур ба «облава» рабте надорад.
  Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хати фурудгоҳ буда, шахсияти ҳар се ҷавони дар навор инъикосёфта муайян карда шуда, ҳамзамон як нафар ҷинояткори дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дошта, дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҷавоне, ки гуё мавриди «облава» қарор гирифтааст, шаҳрванд Назаралиев Исмон Иброҳимович, санаи таваллудаш 08.03.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти М.Вайсов, деҳаи Баҳористон мебошад, ки солҳои 2017-2018 дар қисми ҳарбии 13483, воқеъ дар ноҳияи Восеъ адои хизмат намудааст.


  Зимнан, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки нисбати Назаралиев Исмон тибқи талаботи моддаи 241 қисми 3 банби «б» (Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10-уми январи соли 2022 парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами №20881 оғоз карда шуда, бинобар сабаби ба тафтишот ҳозир нагардидан аз санаи 19-уми феврали соли 2022 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудааст. Айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, мавриди тафтиш қарор дорад.
  Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон:
  Саидов Бежан Суҳробович, санаи таваллудаш 15.01.1994, истиқоматкунандаи ш.Бохтари вилояти Хатлон;


  Ҳалимзода Фаридун Рустам, санаи таваллудаш 09.11.1998, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Маяковский;


бо мақсади қасосгирӣ бо дастгиршуда Назаралиев Исмон муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳар ду барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо мушоҳидаи чунин наворҳо ба ҳар гуна хабару овозаҳои носаҳеҳ эътимод накунанд ва ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin