Якбора зарар дидани 7-автомашинаи сабукрав дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Якбора зарар дидани 7-автомашинаи сабукрав дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

  Имрӯз (02.04.2022) тақрибан соати 13-35 дақиқа ронандаи автомашинаи мусофиркашони ККВД «Автобус-1» хатсайри – 33, рақамҳои қайди давлатиаш 5787ТТ05 шаҳрванд Назаров Назар Нуралиевич, санаи таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи н.Варзоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои дар канори роҳ таваққуфбуда бархурдааст, ки дар натиҷа 7-адад авомашинаи сабукрав ва худи автобуси мазкур зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.


  Хушбахтона дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ набардоштааст.
  Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дошта, сабабу омилҳои он муайян карда мешаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin