Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи автомашинаи «Тайота Прадо»

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронандаи автомашинаи «Тайота Прадо»

  Дар натиҷаи мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати як нафар шаҳрванд ва санҷиши навори ирсол намудаи ӯ ронандаи автомашинати тамғаи «Тайота-Прадо», рақамҳои қайди давлатиаш 0007ОТ01, Ғоибов Салимҷон Файзиддинович санаи таваллудаш 29.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳисорак боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

  Чуноне дар навори ирсол намудаи шаҳрванд ва зимни пурсиш муайян карда шуд, Ғоибов Салимҷон ҳангоми иштирок дар маросими туйи домодӣ, дар кӯчаи Ҳисорак дидаву дониста Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ду нафар ҷавонро дар ду паҳлуи автомашинаи худ ҷойгир намуда, ҳангоми ҳаракати гурӯҳӣ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғоибов Салимҷон тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин накардани бехатарии ҳаракат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.


  Ҳамзамон нисбати ду нафар ҷавоне, ки ҳангоми ҳаракат дар ду паҳлӯи берунии автомашина ҷойгир шуда, ҷони худро дар хатар гузоштаанд, суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin