Таҳқиқи навор: 10-шабонарӯз ҳабси пулчинаки хатсайри №15

Таҳқиқи навор: 10-шабонарӯз ҳабси пулчинаки хатсайри №15

  Санаи 5-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муносибати дағалона ва амалу рафтори ноҷавонмардонаи пулчинаки (кондуктор) хатсайри №15 нисбати як нафар мусофири пирамард инъикос ёфта, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки дар доираи қонунгузорӣ амалу рафтори номбурда баҳо дода шавад.

  Дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур ва роҳандозӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ бо гузашти ҳамагӣ ду соат шахсияти ҷавони дағалгуфтор муайян ва ба мақомоти милитсия дастра карда шуд.
  Ин нафар шаҳрванд Ҷамолиддинзода Муродбек, санаи таваллудаш 10.09.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи С.Шерозӣ буда, муддатест дар автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 08.16ТТ05, хатсайри №15 ба ҳайси пулчинак (кондуктор) фаъолият мекунад.


  Зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудаю шоҳидони ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки пулчинак нисбати мусофири дар навор инъикосёфта барои маблағи роҳкиро дағалрафторӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задаст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷамолиддинзода Муродбек тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Коддекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз татбиқ карда шуд.


  Ҳамзамон бо ронанда ва дигар масъулони хатсайри мазкур ҷиҳати таъмини босифати хизматрасонии мусофиркашонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin