Зани бадгуфтор боздошту ҷаримабандӣ шуд!!!

Зани бадгуфтор боздошту ҷаримабандӣ шуд!!!

  Зан-модарро пеш аз ҳама барои иффату покдоманӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳамагон эҳтиром намуда, нисбаташ арҷгузорӣ менамоянд. Аммо воқеан боиси таассуфуи бузург ва нанг аст, ки дар ҷамъият баъзан содиршавии амалҳои нописандида ва хоркунандаи номи зан аз ҷониби баъзе афроди ин тоифа содир мегарданд.
  Қобили зикр аст, ки санаи 29-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он дашному алфози ниҳоят қабеҳи як нафар зан дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ инъикос ёфтааст. Ҳамагон амалҳои ин занро шадидан маҳкум намуда, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати номбурда дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.
  Дар натиҷаи ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Газиева Ситора Файзалиевна, санаи таваллудаш 18.11.1987, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, кӯчаи Сохтмончиён, соҳиби 6-фарзанд мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ бо моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.


  Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидону дастгиршуда муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 28-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:00 дақиқа, дар дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии шаҳри Душанбе содир гардидааст. Номбурда пурра ба гуноҳи содирнамудаи худ иқрор гардида, узрхоҳӣ намуд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати Газиева Ситора тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд шартан барои дар тарбияи худ доштани кӯдаки ноболиғ (6-моҳа) ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin