• Home »
  • ХАБАР »
  • Бозошту ҷаримабандӣ барои сеҳргариву фолбинӣ
Бозошту ҷаримабандӣ барои сеҳргариву фолбинӣ

Бозошту ҷаримабандӣ барои сеҳргариву фолбинӣ

  Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд.
  Кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Гадоева Шамсия Файзуллоевна соли таваллудаш 1966 истиқоматкунандаи ш. Душанбе кучаи Ҳ.Шерозӣ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.
  Номбурда худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад. Дар ҷараёни амалиёт зимни азназаргузаронии манзилди истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.


  Таассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бавар карда, ба ҷойи муроҷат ба тибби муосир аз чунин мардумфиребон дармони дард меҷӯянд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Гадоева Шамсия Файзуллоевна барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи 40-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2560-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амали марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin