Боздошти ронандаи фирорӣ

Боздошти ронандаи фирорӣ

  Санаи 29-уми марти соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА-RIO» рақами қайди давлатиаш 1326ТТ05, дар кӯчаи Қаҳҳоров ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, як нафар пиёдагард-ҷавонзани сокини пойтахтро бо қисмати паҳлуи автомашина зада аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи фирорӣ шаҳрванд Саидов Абдуманнон Раҳмоналиевич, санаи таваллудаш 01.01.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошад, ки дар ширкати ҶДММ «Чархи иқбол» ҳамчун ронандаи мусофиркашони «такси» кору фаъолият менамояд.


  Зимнан автомашина ва ронанда-Саидов Абдуманнон боздошт ва ба Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбаташ маводҳои лозима тартиб ва мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Хушбахтона ҷавонзани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin