• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ҳалокати кӯчаруби 55 сола дар садама: ронанда бо суръати баланд дар болои роҳи пиёдагузар (пешеход) пахш намуд!
Ҳалокати кӯчаруби 55 сола дар садама: ронанда бо суръати баланд дар болои роҳи пиёдагузар (пешеход) пахш намуд!

Ҳалокати кӯчаруби 55 сола дар садама: ронанда бо суръати баланд дар болои роҳи пиёдагузар (пешеход) пахш намуд!

   Санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 09.35 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» рақами қайди давлатиаш 0977НА08 Сияров Фатҳуддин Абдулович соли таваллудаш 01.12.1985, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод, ҷамоати Хумдон, деҳаи Ҳ.Шерозӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Нусратулло Махсум, аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт, бо сабаби баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар рӯ ба рӯи мағозаи Гулдаста пиёдагард Мамадова Савринисо Исоевна санаи таваллудаш 06.07.1967 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, корманди Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синоро, ки роҳро тавассути гузаргоҳи танзимнашавандаи роҳи пиёдагузар (пешеход) убур менамуд, пахш намудааст.
   Дар натиҷа, пиёдагард – зани 55 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъди ба Беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст. Бо рух додани ин фоҷиаи талхи зиндагӣ се нафар фарзандони модари заҳматталаб, ки шабу рӯз дар паи тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳҳо меҳнат мекашид, ятим гузошта шуда, дарду доғи бемодарӣ рӯзгори онҳоро абадан тира намудааст.
   Вобаста ба ҳолати кор нисбати ронанда Сияров Фатҳуддин тибқи талаботи моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.


   Таҳлилҳои мақомот нишон медиҳанд, ки аксар вақт нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи роҳ аз ҷониби ронандагон, аз ҷумла аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат боиси садамаҳои нақлиётии ҳалокатовар мегардад. Чуноне, ки аз наворҳои мушоҳидавии гирду атрофи ҳодисаи мазкур низ дида мешавад, дар ин садама ронанда бар замми баланд намудани суръати ҳаракат дар маҳалли аҳолинишин дидаву дониста дар рӯи гузаргоҳи танзимнашаванда ба пиёдагардон роҳ надода, бо пахши як нафар пиёдагард риштаи умри занро аз ҳаёт маҷбуран канда намудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin