Садама: ҷароҳат бардоштани 2-нафар мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира»

Садама: ҷароҳат бардоштани 2-нафар мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира»

  Санаи 1-уми феврали соли 2022 тахминан соати 14:30 дақиқа дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозӣ дар рӯ ба рӯи Маркази барқу гармидиҳии №2 шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» рақамҳои қайди давлатиаш 1615FF01, таҳти идораи шаҳрванд Муминов Рустам Саидович, санаи таваллудаш 14.04.1993, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ба автомашинаи тамғаи «MAN», рақамҳои қайди давлатиаш 261ХТ01, таҳти идораи шаҳрванд Ҳасанов Муҳаммадраҷаб Мирзошарифович, соли таваллудаш 05.04.1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ба самти чап гардиш намудан бархурдааст.


  Дар натиҷа ронанда ва ду нафар мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», мардони 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуда, таҳти назорати табибон қарор доранд.


  Оид ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар натиҷаи ин садама хушбахтона ягон нафар ба ҳалокат нарасида, иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҳалокати як нафар ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштани 5-нафар асоси воқеӣ надоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin