• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси соҳибмулки маркази дилхӯшии «Дӯстӣ», барои вайрон намудани реҷаи корӣ
Ҳабси соҳибмулки маркази дилхӯшии «Дӯстӣ», барои вайрон намудани реҷаи корӣ

Ҳабси соҳибмулки маркази дилхӯшии «Дӯстӣ», барои вайрон намудани реҷаи корӣ

  Ҷиҳати пешгирии вайрон намудани реҷаи корӣ аз ҷониби соҳибмулкону маъмурони марказҳои дилхушӣ, ки боиси халалдор гаштани осоиштаҳолию оромии шаҳрвандон мегардад, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. 
  Мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе аз соҳибмулкони марказҳои дилхушӣ ва фароғатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади иловагӣ берун аз вақти муқарраргардида фаъолият мекунанд, ки боиси халалдор гаштани оромиву осоиштагии шабонаи шаҳрвандон гардидааст.


  Аз ҷумла шаҳрванд Баҳриддинзода Абдуҷаббор Баҳриддин санаи таваллудаш 07.08.1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, соҳибмулки маркази дилхӯшии «Дӯстӣ» воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Сино, новобаста аз он ки барои иҷрои реҷаи кори расман огоҳонида шуда буд, берун аз соати муқарраргашта реҷаи кориро вайрон намуда, ба хизматрасонӣ машғул шудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Баҳриддинзода Абдуҷаббор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin