• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабс: боздоштшуда баъди истеъмоли «бангдона» даст ба кирдори зиддиҳуқуқӣ задааст
Ҳабс: боздоштшуда баъди истеъмоли «бангдона» даст ба кирдори зиддиҳуқуқӣ задааст

Ҳабс: боздоштшуда баъди истеъмоли «бангдона» даст ба кирдори зиддиҳуқуқӣ задааст

   Шаби 25 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 22.00 дақиқа ба Қисми навбатдории милитсияи пойтахт муроҷиати телефонӣ оид ба сар задани кирдорҳои авбошона аз ҷониби як нафар шаҳрванд дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ ворид гардид.
   Бо хабари мазкур кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, нафаре, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, бо кирдорҳои авбошонаи худ тартиботи ҷамъиятиро вайрон менамуд, дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
   Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки нафари дастрасгардида шаҳрванд Саидзода Фаридуни Фаррух санаи таваллудаш 26.05.1991 буда, санаи 25 январи соли ҷорӣ, тахминан сотаҳои 9.00 дақиқаи рӯзона зимни қарордошт дар кӯчаи Борбад 64, дар дохили дӯкони Гӯшт бо як нафар корманди дӯкон муноқиша намуда, баъди дашному ҳақорат тарки ҷои ҳодиса намудааст.
   Сипас худи ҳамон рӯз тахминан соатҳои 22.00 дақиқа дар ҳолати сархушӣ боз ба макони мазкур омада, бе ягон сабаб нисбати фурӯшанда дашному ҳақорат намуда, ба таври таҳқиромез дарафтодааст. Илова бар ин, тавре аз наворҳои камераи мушоҳидавӣ бармеояд, дастгиршуда Саидзода Фаридун ба ин қаноат накарда, дар идомаи кирдорҳои авбошонааш мизу курсӣ ва ашёҳои дӯконро барҳам зада, тартибот ва оромии ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
   Дар доираи санҷиш ва хулосаи мақомоти дахлдор ҳамчунин муайян карда шуд, ки дастгиршуда Саидзода Фаридун воситаи нашъадори навъи бангдона истеъмол намуда, дар ҳолати срхушӣ даст ба кирдори зиддиҳуқуқӣ задааст.


   Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда Саидзода Фаридун тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарузӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin