Соли 2022 дар милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон гардид!

Соли 2022 дар милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон гардид!

   Дирӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе машварати оперативӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти милитсияи шаҳри Душанбе дар давраи 12 моҳи соли 2021 таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони шӯъбаву сохторҳои дастгоҳи Раёсат ва сардорони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.
   Аз натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии пойтахт бармеояд, ки давраи соли 2021 ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе дар тамоми самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми боарзиши худро гузоштаанд.
   Яке аз дастовардҳои назаррас ин тамоюли коҳишёбӣ доштани ҷинояткорӣ дар пойтахт буда, зикр гардид, ки дар 12-моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе нисбат ба соли 2020 ба андозаи 311 адад ё худ 8,03% ҷиноят камтар содир гардидааст. Аз ҷумла, содиршавии ҷиноятҳои вазнин – 15,8%, роҳзанӣ – 33,3%, ғоратгарӣ – 10,5%, дуздӣ – 7,24%, авбошӣ – 13,8%, қаллобӣ – 4,32% коҳиш ёфтаанд.
   Ҳамчунин, дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон низ ба андозаи 7% коҳиш ёфта, дар ин давра 110 нафар ноболиғон даст ба ҷиноят задаанд, ки 32 нафари ноболиғони ҷиноятсодиркарда сокинони шаҳри Душанбе ва 78 нафари боқимонда сокинони дигар минтақаҳои кившар мебошанд. Аз ҷониби ноболиғон- сокинони шаҳри Душанбе нисбати соли пеш 37 нафар ноболиғон кам ҷиноят содир намуда, давоми соли 2021 дар ҳудуди пойтахт содиршавии ҷиноятҳои гурӯҳӣ бо истифодаи яроқи сард аз ҷониби ин қишри ояндасози ҷомеа умуман ба қайд гирифта нашудааст.
   Ҳамчунин дар ҷаласаи ҷамъбастӣ таъкид карда шуд, ки дар давраи соли 2021 дар ҳудуди пойтахт ҷинояткорӣ миёни ҷавонон низ ба андозаи 4,5% коҳиш ёфтааст, ки ин аз баланд гардидани маърифати ҳуқуқиву шаҳрнишинӣ ва маданияту фарҳанги шаҳрдорӣ миёни ин табақаи пешбарандаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.


   Бо назардошти дар давраи соли 2021 дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар рух додани 242 садамаҳои нақлиётӣ, ки дар натиҷа 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд (гарчанде омори мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои кившар камтарин нишондиҳандаи садаманокӣ маҳсуб меёбад), дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз садаманокӣ роҳу усулҳои навӣ корбарӣ дар соли 2022 таҳия ва амалӣ карда мешавад.
   Аз ҷумла, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шавад.
   Ин тасмим бо назардошти ҳали проблемаҳои ҷойдошта ва аз байн бурдани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаркат дар роҳҳои пойтахт роҳандозӣ гардид. Зеро содиршавии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, рух додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо оқибатҳои марговар, дар ҳолатҳои мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди пойтахт аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои самти ҳаракати роҳ маҳсуб ёфта, дар давраи 12 моҳи соли 2021 аз ҷониби нозирони роҳ 382 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 499 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок ва ҳолати садамавӣ, 2795 далели вайрон намудаи қоидаи сабқат ва монёвркунӣ ва 4113 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки қоидавайронкуниҳои зикргардида дар як вақт яке аз омилҳои асосии мусоидаткунанда ба садамаҳои роҳу нақлиётӣ маҳсуб мешаванд.
   Бо назардошти вазъи мазкур ва эълон гардидани соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намуда, сабабгори садаманокӣ ва марги дигар иштирокчиёни ҳаракат роҳ нагарданд. Зеро риояи Қоидаҳои ҳаркат дар роҳ барои ҳама, сарфи назар аз вазифаву мансаб ва ниҳод ҳатмӣ буда, кафолати рӯзгори хушу саломатии бардавом ва бесаробон намондани оилаву фарзандон мебошад!

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin