• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти шартии «Корд»: ҳабси ҷавонписари кордбадаст
Амалиёти шартии «Корд»: ҳабси ҷавонписари кордбадаст

Амалиёти шартии «Корд»: ҳабси ҷавонписари кордбадаст

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 4-соли охир бо баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз силоҳи сард нисбат ба солҳои қабл коҳиш ёфтааст.
  Аммо, чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ҳанӯз бо худ гардонидани корду дигар намуд ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дар байни ҷавонону ноболиғон ба чашм мерасанд. Таҷрибаи тафтишотӣ собит намуд, ки дар сурати бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва пайдо гардидани оддитарин баҳсу муноқиша оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто то ба куштор оварда мерасонад.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Ғаюров Қурбоналӣ Саломович, санаи таваллудаш 06.02.2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Қаротегин дастгир карда шуда, аз ӯ як адад корд мусодира карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғаюров Қурбоналӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои 7 шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin