• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: ҷазои ҳуқуқшиноси ҳуқуқвайронкунанда барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзан!
Таҳқиқи навор: ҷазои ҳуқуқшиноси ҳуқуқвайронкунанда барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзан!

Таҳқиқи навор: ҷазои ҳуқуқшиноси ҳуқуқвайронкунанда барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзан!

  Як нафар ҷавонзани 23 сола, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуд, ки нисбати Сайидо ном «ҳуқуқшинос», чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда ҷавони мазкур дар вақти шабона, ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш дар роҳ муроҷиаткунандаро мавриди таъқиб қарор ва гаппартоӣ намуда, дар баробари ин, нисбаташ дар ҷои ҷамъиятӣ дашному ҳақоратҳои қабеҳ задааст.
  Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти нафари дар навор инъикосгардида муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Сатторов Сайидо Сайдамирович санаи таваллудаш 12.12.1985 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Баҳоваддинов буда, дар муассисаи «Тоҷикфилм» ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият менамояд.
  Дар натиҷаи пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ҷавонзани муроҷиаткунандаро таъқиб намуда, мавриди озор қарор додааст.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҷавони дағалгуфтор Сатторов Сайидо Сайдамирович тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin