• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиру озор ва шиканҷаи МОДАР: фарзанд барои ин кирдор маротибаи сеюм ҳабс гардид!
Таҳқиру озор ва шиканҷаи МОДАР: фарзанд барои ин кирдор маротибаи сеюм ҳабс гардид!

Таҳқиру озор ва шиканҷаи МОДАР: фарзанд барои ин кирдор маротибаи сеюм ҳабс гардид!

  Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки ин ҳама бузургӣ ва мақому манзалати волои МОДАР, заҳмату шабзиндадориҳо ва рафтори неку пурмуҳаббаташро нодида гирифта, модари хешро мавриди таҳқир ва дашному ҳақорат қарор медиҳанд. Аламовар он аст, ки ин кирдорҳои ғайриахлоқиро баъзе аз фарзандони беномус дар байни аҳли ҷомеа ва хешовандону ҳамсоягон анҷом медиҳанд.
  Чунончӣ, як нафар модари пиронсол, истиқоматкунандаи кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, ки пайваста аз дасти фарзандаш озор мебинад, бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст. Дар баробари муроҷиат ин модари пиронсол арз намудааст, ки писари 46-солааш доимо ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бо ҳар баҳона гиребони модарро мегирад.
  Дар натиҷаи санҷиш муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки номбурда Муминов Фурқат Неъматович санаи таваллудаш 17.04.1975, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Абай, оиладор-соҳиби 3 фарзанд буда, дар содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худиқрорӣ намуд.


  Тавре муайян гардид, аз ин пеш низ ду маротиба нибати дастгиршуда Муминов Фурқат барои таҳқиру озор ва дашноми модараш ҷазоҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида буд. Бо назардошти ҳолати мазкур ин маротиба низ нисбати дастгиршуда Муминов Фурқат барои таҳқиру озори модар дар ҷои ҷамъиятӣ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонаруз таъин карда шуд.
  Ҳадафи асосии таҳияи чунин маводҳо таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон набуда, роҳбарияти мақомоти милитсия пойтахт бо ин васила мехоҳад пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандон гирифта шуда, маърифат ва адолати ҳуқуқӣ, фазои солими хонаводагию оиладорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin