Ҳабси мардон барои озори занон

Ҳабси мардон барои озори занон

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ба миён овардани фазои солими оиладорӣ, мутаассифона ҳастанд боз нафароне, ки бо амалу кирдорҳои ношоями худ боиси озори аҳли хонаводаи худ мегарданд.
  Ҳафтаи ҷорӣ низ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон якчанд нафар мардонро барои озору азияти ҳамсар ва дигар аъзоёни оилаи худ дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи баррасии муроҷиати як нафар зан шаҳрванд Ҳасанов Миралӣ Умарович санаи таваллудаш 11.07.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаротегин аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд, ки номбурда ба таври ҳамешагӣ ба нушидани машруботи спиртӣ майл дошта, дар ҳолати мастӣ аъзоёни оилаи худро мавриди дашному ҳақорат ва озор қарор медодааст.
  Дар натиҷа нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокол тартиб дода шуда, нисбаташ ба муҳлати 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.


  Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Зайниддинов Беҳрӯз Камолиддинович санаи таваллудаш 28.09.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қосимова, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд, ки номбурда ба таври ҳамешагӣ дар назди атрофиён хоҳари худро мавриди дашному суханони қабеҳ қарор дода, шаъну шарафи ӯро паст мезадаст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Зайниддинов Беҳрӯз низ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin