Ғолибони озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» муайян карда шуданд

Ғолибони озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» муайян карда шуданд

   Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин озмуни соҳавиро таҳти унвони «Беҳтарин расм ва навори кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» аз 23.11.2021 то 25.12.2021 роҳандозӣ намуд.
   Дар давоми зиёда аз як моҳи баргузории озмун шаҳрвандони зиёде иштирок намуда, бо ирсоли расму навор ва муроҷиатҳои электронӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад. Дар навбати худ, ҳар як маводҳои воридгардида аз ҷониби масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти милитсияи пойтахт мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи баррасиҳо расман тавассути сомона ҷавоб гардонида шуд.
   Бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти озмун, имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи тадорукот баргузор ва ҳар як маводҳои озмунӣ мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа бо қарори Комиссия ғолибони озмун муайян ва баъди натиҷабардорӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла:

ҒОЛИБИ ҶОИ АВВАЛ БО МАБЛАҒИ 5 000 СОМОНӢ- ИШТИРОКЧИИ ТАҲТИ РАҚАМИ 46

 БО ИРСОЛИ 29 ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ, аз ҷумла:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 570», аломати қайди давлатиаш 1000ОВ03 шаҳрванд Ғоибзода Шаҳроми Илҳомҷон соли таваллудаш 1997, барои ғайриқонунӣ ба таври яклухт руйпуш намудани оинаи қисмати пеши автомашина бо плёнкаи сиёҳ (наповал) ва насби таҷҳизоти равшанидиҳандаву садодиҳанда;

– шаҳрванд Шуҳратҷон Наимов Қамариддинович соли таваллудаш 20.11.1980 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе – соҳибкори фуруши қисмҳои эҳиётии автомашина, ки ба фуруши ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси равшанидиҳандаву садодиҳандаи махсуси овозӣ машғул гардида, зимни санҷиши муроҷиат 5 адад чунин таҷҳизот аз мағозаи номбурда мусодира карда шудааст;

Илова бар ин, дар асоси маводҳои ирсолнамудаи ин иштирокчӣ 27 нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

ҒОЛИБИ ҶОИ ДУЮМ БО МАБЛАҒИ 3 000 СОМОНӢ – ИШТИРОКЧИИ ТАҲТИ РАҚАМИ 90

БО ИРСОЛИ 50 ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ, аз ҷумла:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 570», аломати қайди давлатиаш 5555US01 шаҳрванд Сангов Асомуддин соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ таваққуф намудан;


– ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатиаш 5555GN01 шаҳрванд Мирзошарипов Саидҷаҳон соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан;

Ба ин монанд дар асоси маводҳои ирсолнамудаи ин иштирокчӣ 48 нафар ронандагони дигар, ки зимни идораи автомашина Қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.

ҒОЛИБИ ҶОИ СЕЮМ ДУ НАФАР, ҲАР КАДОМЕ БО МАБЛАҒИ 2 000 СОМОНӢ –

ИШТИРОКЧИИ ТАҲТИ РАҚАМИ 18 БО ИРСОЛИ 13 ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ ва

ИШТИРОКЧИИ ТАҲТИ РАҚАМИ 84 БО ИРСОЛИ 14 ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ, аз ҷумла:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ» рақами қайди давлатиаш 1010ТМ01 Бобоев Шомудин Ҷумахонович соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ барои дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан, ки дар натиҷа ба муддати 6-7 дақиқа ҳаракати тролейбус маҳдуд гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Хайландер», аломати қайди давлатиаш 0006ЕY01 шаҳрванд Назаров Алишер соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои аломати Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ҳангоми идораи автомашина хати яклухти дуқабатаро пахш намудан;

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба кулли иштирокчиён, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ бо мақсади бартарафсозии амалу кирдорҳои номатлуб махсусан қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, навор ва расми қонуншиканиҳоро тариқи суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуданд, изҳори сипос ва миннатдории самии худро мерасонад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin