• Home »
  • ХАБАР »
  • Фаврӣ: ҳабсу оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавонони авбош барои латукӯби ноболиғдухтарон
Фаврӣ: ҳабсу оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавонони авбош барои латукӯби ноболиғдухтарон

Фаврӣ: ҳабсу оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавонони авбош барои латукӯби ноболиғдухтарон

   Шоми 19 декабр дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гуфта мешавад, дар кӯчаи Мирзо-Турсунзодаи пойтахт 2 нафар духтарони ноболиғи 15-16 сола аз ҷониби ҷавонписарони ношинос «бо баҳонаи надоштани сатру руймол ва ранг кардани мӯи сар» мавриди дашному ҳақорат ва латукӯб қарор гирифтаанд. Нашри хабари мазкур мавриди вокуниши шадиди корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати кирдорҳои ба ҷомеа хавфноки ҷавонон чораҳои қатъии қонунӣ андешида шавад.
   Баҳри муайяну дастгир ва ба таври объективона мавриди санҷиш қарор додани қазияи мазкур кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативию тафтишотии милитсияи пойтахт сафарбар карда шуда, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ субҳи санаи 20 декабр ҷавонони авбош дар манзилҳои истиқоматишаон боздошт ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд. Инҳо:
Қурбонов Кароматулло Файзалиевич бо тахаллуси «Каром» санаи таваллудаш 9 сентябри соли 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, гузаргоҳи 2;


Носиров Маъруф Муродалиевич санаи таваллудаш 6 сентябри соли 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теппаҳои шарқӣ мебошанд.

   Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки тахминан соатҳои 15.40 дақиқаи санаи 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Гранд-Отел қарор доштани 2 нафар ноболиғдухтарон, ҷавонписарони дастгиршуда пайдо гардида, нахуст духтаронро бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру руймол мавриди дашном қарор додаанд. Сипас баъди он, ки духтарон бо телефон кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписаронро сабт карданӣ мешаванд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зуроварӣ ноболиғдухтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд.
   Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати дастгиршудагон Қурбонов Кароматулло ва Носиров Маъруф тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Айни ҳол чорабиниҳои тафтишотӣ ҷиҳати муайян намудани алоқаи дастгиршудагон ва даст доштани онҳо ба дигар ҷиноятҳо идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin