• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: ҳабси пулчинак барои дашномҳои қабеҳи ғайриахлоқӣ нисбати мусофирзан
Таҳқиқи навор: ҳабси пулчинак барои дашномҳои қабеҳи ғайриахлоқӣ нисбати мусофирзан

Таҳқиқи навор: ҳабси пулчинак барои дашномҳои қабеҳи ғайриахлоқӣ нисбати мусофирзан

  Новобаста аз чораҳои андешидашудаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати банизомдарорӣ ва аз байн бурдани дағалрафториву кирдорҳои зиддиҳуқуқии ронандагону пулчинак (кондуктор)-ҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, мутаасифона боз мусофирони зиёде аз бадрафториву тарзи нодурусти хизматрасонии чунин ронандагону пулчинакҳо ба мақомоти милитсияи пойтахт шикоят мекунанд.
  Аз ҷумла, санаи 19-уми декабри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳи як нафар ҷавонписар-пулчинаки хатсайри №25 нисбати як нафар мусофирзани сокини шаҳри Душанбе инъикос ёфтааст. Тавре аз навор бармояд, зимни қарордошти мусофирзан бо кӯдакони ноболиғаш дар дохили микроавтобуси хастайри №25 байни ӯву пулчинаки автомашинаи мазкур нофаҳмӣ ба вуҷуд омада, дар натиҷа байни ҳарду муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Сипас ҷавонписари пулчинак нисбати ин зан, ки бо ҳамроҳи фарзандони ноболиғи худ қарор дошт, дағалона рафтор намуда, ӯро дар назди дигар мусофирон мавриди дашному ҳақоратҳои ғайриахлоқӣ қарор ва шаъну шарафашро дар назди ҷомеа паст намудааст.
  Дар зимн шаҳрвандон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ашхоси дар навор инъикосёфта чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Дар доираи санҷиш муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки пулчинаки автомашинаи мазкур шаҳрванд Раҳматуллоев Кароматулло Абдуллоевич санаи таваллудаш 25.09.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов буда, аз амали содирнамуда ва аз дашному ҳақоратҳои дағалаш изҳори пушаймонӣ намуд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати пулчинак Раҳматуллоев Кароматулло тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin