• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Аз рафти озмун: ошкорнамоии боз 9 далели қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ аз руи маводҳои озмунӣ
Аз рафти озмун: ошкорнамоии боз 9 далели қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ аз руи маводҳои озмунӣ

Аз рафти озмун: ошкорнамоии боз 9 далели қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ аз руи маводҳои озмунӣ

   Дар доираи баррасии навору расм ва муроҷиатҳои электронӣ, ки ба унвонии озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ» ворид гардидаанд, ин навбат низ 9 далели онҳо аз ҷониби масъулини сохторҳои алоҳидаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷа 9 нафар ронандагоне, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудаанд, дар асоси маводҳои воридгардида, аз ҷумла расму наворҳои озмунӣ муайян ва нисбаташон тибқи муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб ва баъди баррасӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Чунончӣ:

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 5000ОРО01 шаҳрванд Қурбоналии Назаралӣ соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ, барои дар қатори дуюми роҳи мошингард таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 0007TD01 шаҳрванд Файзизода Муҳаммадшарифи Зарифӣ соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, барои муқобили самт ҳаракат намудан ва ба таври ғайриқонунӣ насб намудани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 470», аломати қайди давлатиаш 9200DD01 шаҳрванд Юнусов Рустам Шукруллоевич соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, барои дар муқобили самт ва дохили истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аломати қайди давлатиаш 1998DE01 шаҳрванд Иномов Баҳром Баҳодурович соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Россия барои дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии тролейбус маҳдуд гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», аломати қайди давлатиаш 8642OZ01 шаҳрванд Самадзода Рустами Қурбон соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг, ҷамоати Ҷонбахт, деҳаи Дороб, барои дар роҳи пиёдагард таваққуф намудан;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 7679ХА01 шаҳрванд Одинаев Эраҷ Саидаҳмадович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская барои дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии автобус маҳдуд гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 7093RK01 шаҳрванд Шералиев Сино Миралиевич соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Наврӯз барои дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии автобус маҳдуд гардидааст;

– ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 7005NN01 шаҳрванд Исломов Рустам соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ барои дар қатори дуюми роҳ таваққуф намудан, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии автобус маҳдуд гардидааст;

– ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи «Мерседес», аломати қайди давлатиаш 165ZТ01 шаҳрванд Ҷалолов Одина Саидович соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳаёти нав барои муқобили самт ҳаракат намудан;

   Илова бар ин, дар доираи баррасӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ронандагони қоидавайронкун суҳбатҳои профилактикӣ ҷиҳати риояи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва минбаъд содир накардани қоидавайронкуниҳо гузаронида шуд.

   Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед.
Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin