• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рафти озмун: буткаи ғайриқонунӣ гузошташуда бартараф карда шуд!
Аз рафти озмун: буткаи ғайриқонунӣ гузошташуда бартараф карда шуд!

Аз рафти озмун: буткаи ғайриқонунӣ гузошташуда бартараф карда шуд!

   Дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли 1 адад расми буткаи бекорхобида дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Вориси сомон”-и маҳаллаи Гипрозем аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки бо сабаби ба партовгоҳ табдил гардидан он бартараф карда шавад.
   Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки буткаи мазкур солҳои қаблӣ ба таври ғайриқонунӣ аз ҷониби ашхоси номаълум бо мақсади ба тиҷорат машғул гардидан гузошта шуда, айни ҳол нуқтаи бекорхобида ба ҳисоб меравад.
   Бо дарназардошти ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия буткаи ғайриқонунӣ гузошташуда, ки симои минтақаро коста мегардонид, бартараф карда шуда, бо ҷалби кормандони бахши коммуналиии ноҳияи Сино гирду атрофи он аз партовҳо тоза карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin