• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баррасии вазъи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Душанбе дар мулоқот бо масъулини соҳа
Баррасии вазъи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Душанбе дар мулоқот бо масъулини соҳа

Баррасии вазъи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Душанбе дар мулоқот бо масъулини соҳа

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили хизматрасониҳои нақлиётии босифат барои меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, баррасии вазъи вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ба эътидол овардани вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамотҳои назоратӣ дар самти роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе баргузор гардид.


  Нахуст ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро оғоз бахшида, оид ба шароити муосири инфрасохтори нақлиётӣ ва вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе суханронӣ намуд. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки новобаста аз фароҳам сохтани шароиди мусоиди корӣ ва сохта ба истифода додани роҳу дигар инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ва ҷавобгу ба стандартҳои байналмиллалӣ ҳанӯз ҳам дар соҳаи хизматрасонии роҳу нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт камбудиҳое ба чашм мерасанд, ки ҷиҳати бартараф намудани он аз масъулини соҳа фаъолияти ҳамаҷониба талаб карда мешавад.


  Сипас, бо маърузаи таҳлилӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти милитсияи пойтахт бо масъулини соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, доир ба вазъи вайронннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, аз ҷумла ширкатҳои кироякаш (таксӣ), пешгирии садаманокӣ, аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар самти нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ бо овардани факту рақамҳои дақиқ бо истифода аз слайд-тасвирҳо суханронӣ намуд.
Тавре зикр гардид дар доираи иҷроиши дастуру супориш ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №42 аз 29.01.2019 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар самти танзими роҳу нақлиёт ва хизматрасонии босифату пешгирии Қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ гуруҳҳои корӣ таъсис ва дар ин самт тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.


  Аз ҷумла Шариф Назарзода таъкид намуд, ки солҳои охир бо ташаббусу иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инфрасохтори соҳаи нақлиётӣ дар пойтахти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, рӯз то рӯз беҳтар ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти хубтар гардида истодааст.
Чуноне зимни суханронӣ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт иброз намуд, бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ҳанӯз ҳам камбудию норасогиҳо дар хизматрасонии нақлиётӣ ва риоя нагардидани талаботи меъёрҳои муқарраргардидаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ҷой доранд. Махсусан надоштани либоси ягона, дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, берун аз истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ таваққуф кардану бо дарҳои кушода идора намудани воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, зиёда аз меъёр савор намудани мусофирон, махсусан муносибату рафтори дағалонаи баъзе аз ронандагон бо мусофирон, дар ҳолати мастию сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан ва дигар камбудиҳо ҷой доранд, ки боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва халалдор гардидани натиҷаҳои ба дастоварда гаштаанд.


  Дар ҷаласа таъкид гардид, ки таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии чунин сурат гирифтани вазъ, ин аз ҷониби масъулин ва роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ набурдани назорати доимӣ аз рӯи фаъолияти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Тавре зикр гардид, новобаста аз чораҳои андешидашуда дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз таҳлил дида мешавад, ки дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 % ва маҷруҳон 24,0 % афзоиш ёфта, хушбахтона шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20,0% коҳиш ёфтааст.


  Тибқи иттилои сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Назарзода Шариф Раҳмон яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чамбараки автомашина нишаста, садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист. Чунончӣ, дар ин давра аз ҷониби ронандагони нақлиёти кироякаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки зимнан ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ронандагон ҳаёти худ ва мусофиронро зери хатар гузоштаанд.


  Дигар масъалаи ҳалтатаб, ки боиси ташвиш аст, ин рафтору гуфтори дағалона, то охири масири ҳаракат интиқол надодани мусофирон, гаппартоиву суханони ноҷо ва рафтори нописанд нисбати мусофирон ва амсоли ин амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби баъзе аз ронандагону кондукторони автомашинаҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ мебошад. Чунин ҳолатҳо боиси норозигии мусофирон ва муроҷиати онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад.


  Мавриди зикр аст, ки баррасии саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон боиси афзун гардидани эътимоду боварии шаҳрвандон ба милитсияи пойтахт гардида, сокинон бо мушоҳидаи ин ё он қонуншиканӣ худро дар канор нагирифта, аксу навори онро тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол мекунанд. Аз ҷумла, дар ин муддат 46-ҳолати муносибати дағалонаи ронандагону кондукторон мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар натиҷа нисбати вайронкунандагони тартибот бо Қарорҳои суд аз 5 то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шудааст.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиёти мусофиркаш роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба кулли роҳбарони корхонаю ширкатҳои мусофиркашонии пойтахт, ронандагони автомашинаҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ ва дигар масъулини соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ муроҷиат менамояд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ ҳолати омодагии техникӣ, тозагии воситаҳои нақлиёти мусофиркаш зери назорати қатъӣ гирифта шуда, риояи одоби шаҳрдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маданияти ронандагон, беҳтар намудани муносибату муоширати онҳо бо мусофирон ва берун аз истгоҳ таваққуф намудану аз меъёри муқарраршуда зиёд савор намудани мусофирон пешгирӣ карда шавад.
Ҳамзамон аз кулли шаҳрвандон махсусан пиёдагардон низ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба қадри ҳамаи ин дастовардҳо расида, ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, аломатҳои танзимкунандаи пиёдароҳ истифода намуда, бо гузаштан аз ҷойи муқаррарнашудаи роҳ боиси коста гардидани симои пойтахт, ва халалдор сохтани ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёту поймол гаштани гулу буттаҳои ороишӣ нагрданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin