• Home »
  • ХАБАР »
  • Хушунати оилавӣ: ҳабси мардон барои истифодаи зуроварӣ
Хушунати оилавӣ: ҳабси мардон барои истифодаи зуроварӣ

Хушунати оилавӣ: ҳабси мардон барои истифодаи зуроварӣ

  Дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила, аз байн бурдани муноқиша ва нофаҳмиҳои оиладорӣ нозирони пешгирии зуроварӣ дар оила таъсис дода шуда, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёту оиладории солим фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи фаъолияти самараноки ин ниҳоди мақомоти милитсия ҳодисаҳои зиёди хушунату зуроварӣ дар оила ошкор ва нисбати поймолкунандагони ҳуқуқу манфиатҳои занон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, ҳамзамон оилаҳои зиёде аз хатари ҷудошавӣ наҷот дода шудаанд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як нафар зан аз ҷониби нозирони пешгирии зуроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур чунин як ҳолати хушунати оилавӣ ошкор карда шуд. Муайян гардид, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович санаи таваллудаш 19.07.1979, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Восеъ-111, нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода мебурдааст.


  Чунончи номбурда санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Муқумов Ҳасан тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.
  Инчунин дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич санаи таваллудаш 01.08.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зуровариро истифода кардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҷайлобов Амоналӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin