• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Таҷрибаи нав: “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис ва қоидавайронкуниҳои дағали роҳ бартараф карда мешаванд!
Таҷрибаи нав: “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис ва қоидавайронкуниҳои дағали роҳ бартараф карда мешаванд!

Таҷрибаи нав: “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис ва қоидавайронкуниҳои дағали роҳ бартараф карда мешаванд!

  Бо мақсади танзими бонизоми воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди шаҳри Душанбе Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мунтазам аз роҳу усулҳои нави корбарӣ истифода намуда, ҳамзамон таҷрибаи нави кориро роҳандозӣ менамояд. Ин маротиба низ ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт, ки аз рӯи мушоҳидаҳо аз ҷониби бархе ронандагони воситаҳои нақлиёт ба таври сунъӣ сохта мешавад, чорабинии мақсаднок таҳия ва амалӣ карда шуд.
  Дар ҳамин асос, бо дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе «Гурӯҳҳои мобилӣ» аз ҳисоби кормандони БДА, самти оперативию тафтишотӣ, таҳқиқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва криминалистика таъсис дода шуда, барои ошкору муайян ва бартараф намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ, аз қабили:
– таваққуф намудан дар қатори дуюму сеюми роҳ;
– бемаврид гузоштани автомашинаҳои шахсӣ дар дохили истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ;
– бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ идора намудани автомашина бо шишаҳои сиёҳу хира;
– ғайриқонунӣ қисмати пеши автомашинаро сиёҳу хира намудан (наповал);
– идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ;
– дар воситаҳои нақлиёти шахсӣ таҷҳизонидани асбобҳои равшанидиҳанда ва сигналҳои махсуси овозӣ ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.
  Аз рӯи таҷрибаи нави корӣ давоми 3 рӯзи баргузории чорабинии мақсаднок аз ҷониби «Гуруҳҳои мобилӣ»-и милитсияи пойтахт дар умум 178 қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ошкору муайян ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.   Бо тартиби нав, нахуст аз ҷониби «Гуруҳҳои мобилӣ» ҳолати қоидавайронкунӣ расму ба навор гирифта шуда, сипас ронанда тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар ин давра қоидавайронкуниҳои зерин, аз ҷумла:
– 159 ҳолати таваққуфи нодуруст дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашон ва қатори дуюму сеюми роҳи мошингард;
– 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо сиёҳшишаи ғайриқонунӣ;
– 4 ҳолати муқобили самт ҳаракат намудан;
– 2 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақамҳои бегона идора намудан;
– 7 адад дигар қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шуд.
  Бо назардошти вазъи мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, хизматии корхонаву муаасисаҳо ва ҷамъиятҳои мусофиркашон (таксӣ) эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки воситаҳои нақлиёти худро дар дохили истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва қаторҳои дуюму сеюми роҳи мошингард нагузоред!!!
  Риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ барои ҳама, сарфи назар аз вазифаву ниҳод ҳатмӣ буда, дар сурати вайроннамоӣ ҷавобгарӣ интизор аст!

Расми якчанд қоидавайронкуниҳои аз ҷониби
«Гуруҳҳои мобилӣ» ошкоршуда:

Туйчиев Аскаралӣ Раҳматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1000 DU 01;


Бобоҷонов Муҳибулло Мирзошарифович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақами қайди давлатиаш 2001 ВР 01;


Тоштемиров Рустам Шодмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақами қайди давлатиаш 3030 РМ 01;


Садиков Баҳромҷон Муродҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақами қайди давлатиаш 6758 RK 01;


Бачабеков Давлатшо Акбарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақами қайди давлатиаш 2703 ЕМ 01;

Қурбонов Ҳасан Каримович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-RAV4», рақами қайди давлатиаш 1177 OQ 01;


Тулаев Бахтиёр Абдукаримович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», рақами қайди давлатиаш 1090 МО 01;


Азиззода Исмоили Раҷаб – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-GS-350», рақами қайди давлатияш 2002 GZ 01;


Ҳамидуллоев Манучеҳр Муҳибуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақамаи қайди давлатияш 0040 ХМ 01;


Ҷураев Шамсиддин Нуриддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мазда-6», рақами қайди давлатиаш 9765 СЕ 01;


Азамов Одил Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1995 OD 01;


Зардиев Ибодулло Иброимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1314 МН 01;


Самиев Фарҳод Каримхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 8782 СВ 01;


Ҳафизуллоев Файзулло Сайфуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатиаш 3106 FF 01;


Одинаев Эраҷ Саидаҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7679 ХА 01;


Мадяров Диловар Манасимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 2248 OD 01;


Абдуғаффори Абдуазиз – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7111 HF 01;


Аҳмадов Маҷнун Муҳаммадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Елантра», рақами қайди давлатиаш 7073 ТТ 05;


Зокиров Шукурло Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Равон», рақами қайди давлатиаш 7501 ТТ 05;


Бобиев Фарҳод – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 8733 ТТ 05;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin