• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Ҳабси вайронкунандагони тартибот
Таҳқиқи навор: Ҳабси вайронкунандагони тартибот

Таҳқиқи навор: Ҳабси вайронкунандагони тартибот

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли навори муноқишаи ду ҷавон аз мақомти милтсияи пойтахт хоҳиш намуд, ки нисбати вайронкунандагони тартибот, ҷавонони дар навор инъикосёфта чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Зимни санҷш ва пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар ҷавони дар навор инъикосёфта ҳамчун гумонбар дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки инҳо шаҳрвандон:
Меликов Таваккал Абдусамиевич санаи таваллудаш 18.06.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Гулпарвар, оиладор соҳиби 6-фарзанд;


Тиллоев Ҷовидон Ҳотамович, санаи таваллудаш 26.06.1994, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон мебошанд.
 

Зимни пурсиш ва санҷиши ҳодисаи мазкур дастгиршудагон тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат санаи 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ дар байни роҳи мошингард аз сабаби нофаҳмиҳои лафзӣ байни ҳамлигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Меликов Таваккал ва Тиллоев Ҷовидон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin