• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳдиди хориҷнамоии донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарорсозӣ ба муҳлати 3 сол: ба дарс омадани донишҷӯ бо автомашинаи шахсӣ ошкор шуд!
Таҳдиди хориҷнамоии донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарорсозӣ ба муҳлати 3 сол: ба дарс омадани донишҷӯ бо автомашинаи шахсӣ ошкор шуд!

Таҳдиди хориҷнамоии донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарорсозӣ ба муҳлати 3 сол: ба дарс омадани донишҷӯ бо автомашинаи шахсӣ ошкор шуд!

  Кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони милитсияи пойтахт дар баробари баргузории мулоқоту суҳбатҳои профилактикӣ бо донишҷӯёни макотиби олӣ ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузорӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ рейду амалиётҳои санҷишӣ дар муассисаҳои таълимӣ доир менамоянд. Қобили зикр аст, ки дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс ҳозир гардидани донишҷӯён қатъиян манъ буда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои мазкур борҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо донишҷӯёни макотиби олӣ гузаронида шудаанд. Вале чуноне рейди навбатии кормандони милтсия ошкор сохт ҳанӯз ҳам бо автомашинаи шахсӣ ба донишгоҳ ба дарс омадани донишҷӯён вуҷуд доранд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани корҳои пешгирикунанда аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардид, ки донишҷӯи бахши сеюми факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Муҳиддинов Худойназар Маҳмадсолеҳович, санаи тваллудаш 15.09.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон ҷамоати деҳоти Даҳана, бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тайота Каролла» рақами қайди давлатиаш 3144 SS 01 ба донишгоҳ ҳозир шудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати қабули қарори дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба унвонии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
  Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти мавҷуда дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3-сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад. Аз ин лиҳоз донишҷӯёнро мебояд вақти пурқиммати худро ба омӯзишу таҳсил гузаронида, даст ба чунин қонуншиканиҳо назананд ва номи худро доғдор насозанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin