• Home »
  • ХАБАР »
  • Дар доираи озмун: аввалин муроҷиат баррасӣ ва ҳуқуқвайронкунандагон ҷаримабандӣ гардиданд!
Дар доираи озмун: аввалин муроҷиат баррасӣ ва ҳуқуқвайронкунандагон ҷаримабандӣ гардиданд!

Дар доираи озмун: аввалин муроҷиат баррасӣ ва ҳуқуқвайронкунандагон ҷаримабандӣ гардиданд!

  Тавре ҳафтаи гузашта дар як иттилоияи расмӣ хабар дода будем, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин «ОЗМУН»-и соҳавиро роҳандозӣ намояд. Барои иштирок дар «ОЗМУН» шаҳрвандон метавонанд дилхоҳ кирдори зиддиҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниву ҳодисаҳои ҷиноятӣ, аз қабили муноқиша; бетартибӣ; озори лафзӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон; вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдориро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоянд.
  Бо гузашти як ҳафта аз ҷониби шаҳрвандон, махсусан сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ба таври фаъолона миқдори зиёди ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба навор ва расм гирифта шуда, барои баррасӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид гардид.
  Дар доираи баррасии нахустин муроҷиати озмунӣ 2 нафар ронандагони ҳуқуқвайронкунанда, ки Қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намудаанд, ошкору муайян ва нисбаташон тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб ва мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Инҳо:
1. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролетто» аломати қайди давлатиаш 9999ВС01 Сафаров Самандар Сафаралиевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе;


2. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота королла» аломати қайди давлатиаш 8181АВ03 Муҳиддинов Вайсиддин Амриддинович соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кучаи Чорбоғ;


  Муҳтарам шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, Шумо низ метавонед ҷиҳати иштирок дар озмун дилхоҳ ҳуқуқвайронкуниву кирдорҳои ҷиноятиро расм ва ё ба навор гирифта, тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намоед. Муҳлати қабули маводҳо то 25.12.2021 муқаррар гардидааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin