• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Корд»: ҳабси ду ҷавон барои бо худ гардонидани корд
Амалиёти «Корд»: ҳабси ду ҷавон барои бо худ гардонидани корд

Амалиёти «Корд»: ҳабси ду ҷавон барои бо худ гардонидани корд

  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» дар давоми рӯзи гузашта ду далели бо худ гардонидани силоҳи сардро аз ҷониби ҷавонон муайян намуданд. Зимни пешбурди корҳои санҷишӣ муайян гардид, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз ҷавонон бо худ корд мегардонанд, ки ин амал метавонад дар хурдтарин нофаҳмиҳои лафзӣ ба ҳодисаҳои нохӯш анҷомад.


  Аз ҷумла, шаҳрванд Мунавваров Убайдулло Зувайдуллоевич санаи таваллудаш 01.06.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, ки қабан бо моддаҳои 237 (авбошӣ), 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид, ки дар бари худ корд доштааст. 
  Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аҳмадҷони Нозими Саидзода санаи таваллудаш 20.09.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дастгир гардид, ки аз ӯ низ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.


  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ҳарду дастгиршудагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарорҳои Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin