Ҷазои ронандаи дағалрафтор: баъди ҷаримабандӣ аз кор ронда шуд

Ҷазои ронандаи дағалрафтор: баъди ҷаримабандӣ аз кор ронда шуд

  Шоми 18-уми ноябри соли ҷорӣ як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиат дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи «Автобус» рақамҳои қайди давлатиаш 8705ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолияти мусофиркашонӣ дорад чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронандаи автобус хилофи талаботҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ амал намуда, барои ба таври нақдина насупоридани маблағи роҳкиро ва истифодаи корти нақлиётӣ аз ҷониби як нафар ҷавондухтари тахминан 12-13 сола ғазабнок шуда, нисбати охирон хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст.
  Муроҷиати мазкур боиси вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, ки нисбати ин ронандаи дағалрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ ронандаи хатсайри зикргардида муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастра карда шуд.
  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назаров Бахтиёр Алишерович санаи таваллудаш 11.11.1977, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Махсумов-125, ронандаи ККВД «Авбобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.


  Вобаста ба ин нисбати Назаров Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420-сомонӣ таъин карда шуд.
  Илова бар ин номбурда барои ин кирдори содирнамудааш шурӯъ аз 19.11.2021 аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.
  Ҳамзамон дар доираи муроҷиати мазкур ҷиҳати аз байн бурдани рафтори дағалонаи ронандагон бо мусофирон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо ронандагону кормандони ККВД «Автобус-1» корҳои профилактикӣ гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin