• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси роҳбарони маркази дилхушии Лондон ва тарабхонаи Парасту барои риоя накардани тартиботи ҷорӣ
Ҳабси роҳбарони маркази дилхушии Лондон ва тарабхонаи Парасту барои риоя накардани тартиботи ҷорӣ

Ҳабси роҳбарони маркази дилхушии Лондон ва тарабхонаи Парасту барои риоя накардани тартиботи ҷорӣ

  Риояи нагардидани одоби шаҳрдорӣ, вайрон намудани тартиботи ҳуқуқӣ, баромадан аз тартиби реҷаи корӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон мутаассифона ҳамоно аз ҷониби баъзе аз марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла марказҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо содир шуда истодаанд. Ҷиҳати пешгирӣ ва пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон рейду амалиётҳои санҷиширо дар ин самт идома дода истодааст.
  Аз ҷумла санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ тақрибан соати 00:10 дақиқа масъулони тарабхонаи «Лондон» воқеъ дар кӯчаи А. Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, берун аз вақти муқарраргардида фаъолияташонро идома додаанд. Ҳамзамон қоидаҳои санитарию гигиениро вайрон карда, инчунин дар бевақтии шаб бо овози баланду гушхароши мусиқӣ оромии шаҳрвандону сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона вайрон кардаанд.
  Гарчанде қаблан кормандони милитсия ба роҳбарияти ин тарабхона ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида ва ба танзим даровардани хизматрасонии худ огоҳиномаи хаттӣ дода бошанд ҳам, маъмурияти ин маркази дилхушӣ камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф насохта, ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд, Саидқулзода Умедҷон санаи таваллудаш 25.09.1991, сокини ноҳияи Темурмалик, деҳаи Давлатшоён, оиладор соҳиби се фарзанд, роҳбари маркази дилхушии «Лондон»

 

протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Ҳамзамон айнан бо ҳамин ҷурм нисбати шаҳрванд Садриддинов Беҳрӯз Сайфиддинович, санаи таваллудаш 03.06.1998, истиқоматкунандаи кӯчаи Деҳотӣ, роҳбари тарабхонаи «Парасту» воқеъ дар кӯчаи Испечак протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.


  Бо назардошти ҳолатҳои музкур милитсияи пойтахт аз ҳамаи роҳбарону соҳибмулкони марказҳои дилхушӣ талаб менамояд, ки қоида ва талаботҳои шаҳрдорӣ ва тартиби муқарраргардидаи реҷаи кориро риоя намуда, боиси озор ва халалдорсозии оромии шаҳрвандон нагарданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin