• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти шабакаи трансмиллии нашъаҷаллоб: мусодираи таблеткаҳои синтетикӣ ва кристал (метаамфитамин)
Боздошти шабакаи трансмиллии нашъаҷаллоб: мусодираи таблеткаҳои синтетикӣ ва кристал (метаамфитамин)

Боздошти шабакаи трансмиллии нашъаҷаллоб: мусодираи таблеткаҳои синтетикӣ ва кристал (метаамфитамин)

  Омӯзиши вазъ ва мушоҳидаҳои оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе муайян намуд, ки вақтҳои охир баъзе аз гурӯҳҳои ғаразноки муташаккили нашъаҷаллоб бо мақсади коста гардонидани одобу ахлоқи ҷавонон, гирифтор намудани шаҳрвандон ба истеъмол ва истифодаи воситаҳои нашъадор ва бо ин роҳ ба даст овардани маблағу даромади муфт ҳабҳои сахттаъсири экстазию психотропиро асосан аз хориҷи кишвар вориди мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе намуда, бо ҳар роҳу восита асосан дар маконҳои ҷамъшавии ҷавонон: тарабхонаҳо, марказҳои дилхушӣ ва дигар ҷойҳо паҳн мекунанд.

  Илова бар ин, вазъи истеъмол ва гирифторшавии ҷавонон ба бемориҳои нашъамандӣ, ки дар доираи баргузории амалиётҳои оперативӣ-санҷишӣ дар ҳудуди маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино муайян карда шуд, нигарониҳои мақомоти милитсияи шаҳри Душанберо ба миён овард. Чунончӣ, дар натиҷаи як амалиёти оперативӣ-профилактикӣ дар маҳаллаи Гипрозем зиёда аз 20-нафар ҷавононе, ки ба истеъмоли воситаҳои нашъадор машғул буданд, боздошт ва нисбаташон то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд. Зимнан бо онҳо корҳои профилактикӣ-фаҳмондидиҳӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуд.


  Бинобар ин, баҳри пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин вабои аср ва боздошту муайян намудани паҳнкунандагони ин маводи заҳрогин аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ таҳия ва давоми як ҳафта амалӣ карда шуда, зимнан милитсияи шаҳри Душанбе ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
  Дар натиҷа, фаъолияти ғайриқонунии як шабакаи трансмиллии нашъаҷалоб, ки ба интиқоли ҳабҳои экстазию метаамфитамин аз хориҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои байналмиллалӣ бо истифода аз нақлиёти боркашони байнидавлатӣ машғул буданд, таҳти коркарди оперативии кормандони милитсияи шаҳри Душанбе қарор дода шуд.
  Ниҳоят, муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ аз хориҷи кишвар бо роҳи ҷойгир намудани ҳабҳои сахттаъсири экстазӣ ва дигар намуди воситаҳои нашъадор дар дохили ҳар гуна махфигоҳ ба воситаи бағоҷи мусофирон онро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медодаанд.


  Дар доираи ин амалиёт нахуст як нафар мусофир баъди ба ҳудуди пойтахти мамлакат тавассути Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе расидан, ки аз рӯи ахбороти оперативии воридгардида роҳбарони шабакаи нашъаҷаллоби трансмиллӣ тавассути ӯ ба ҳудуди кишвар ҳабҳои сахттаъсири психотропӣ интиқол додаанд, зери коркарди оперативӣ қарор дода шуда, сипас баъди расидани пайғом ба нуқтаи охирин паҳнкунандагони асосии ҳабҳои синтетикӣ дар дохили манзили истиқоматиашон дастгир гардиданд.


  Зимни азназаргузаронии объекти назоратшаванда муайян карда шуд, ки он муҳаррики ҳавосардкунаки автомашина буда, қочоқчиёни маводи мухаддир ба таври моҳирона дар дохили он ҳабҳои синтетикию психотропиро ҷойгир намуданд, ки дар маҷмуъ аз дохилаш 760-адад таблеткаҳои экстазӣ дарёфту мусодира карда шуд. Дар натиҷа зимни пешбурди чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки дастгиршудагон Сафаров Абдулло Исмоилович санаи таваллудаш 1-уми июни 1995 ва Абубакри Абдулмумин санаи таваллудаш 9-ми августи 1992, ҳарду истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ буда, ин миқдор таблеткаҳоро аз Шамсов Муҳаммад ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз кишварҳои хориҷӣ қарор дорад, бо мақсади дар оянда паҳн намудан дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастрас намудаанд.


  Дар идомаи амалиёт, ки давоми ҳафта баргузор гардид, айнан бо чунин тарз баъди тавассути Фурудгоҳ вориди Душанбе гардидани як нафар мусофири дигар бо ду адад дастгоҳи обгармкунак, масири ҳаракати предмети назоратшаванда таҳти мушоҳидаву чорабиниҳои оперативии милитсияи шаҳри Душанбе қарор дода шуд. Сипас дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди маркази савдои “Суғдиён” ҳангоми ба соҳибияти худ қабул намудани воситаҳои нашъадор гумонбаршавандагони навбатӣ дастгир карда шуда, зимни кофтуков аз дохили таҷҳизоти обгармкунаки барқӣ дар ҳаҷми калон – 1230 адад ҳабҳои экстазии сахттаъсир дарёфту мусодира карда шуд.


  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ин нафар – шаҳрванд Ҷалолов Фарух Сафаралиевич санаи таваллудаш 2-юми июни 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Неъмат Қарабоев буда, маводи мазкурро ба ӯ Ғуломов Вайсиддин ном роҳбари шабакаи трансмиллии қочоқи маводи мухаддир, ки ӯ ҳам дар хориҷа қарор дорад, интиқол додааст. Аммо, чорабиниҳои тафтишотӣ исбот намуд, ки дастгиршуда Ҷалолов Фарух низ дар ин шабака вазифаи қабулкунанда ва дар ҳудуди пойтахт бо роҳи фуруш паҳнкунандаи ҳабҳои экстазиро бар дӯш доштааст.


  Дар идомаи коркардҳои оперативию тафтишотӣ аз рӯи нишондоди Ҷалолов Фаррух манзили истиқоматии номбурда воқеъ дар кӯчаи Бустансарои шаҳри Душанбе азназар гузаронида шуда, зимни кофтуков воситаҳои нашъадори қаблан қабул ва пинҳоннамудааш ёфта гирифта шуд, ки навъи Метаамфитамин буда, 345 граммро ташкил медиҳад. Зимни пурсиш муайян гардид, ки ин воситаҳои нашъадорро низ роҳбари шабакаи трансмиллӣ – Ғуломов Вайсиддин бо таври махсус дар дохили ду ҷуфти пойафзоли варзишӣ ҷойгир ва тавассути бағоҷи мусофирони фурудгоҳ ба шаҳри Душанбе ирсол намудааст.
  Дар ин ду ҳолате, ки 1990 адад ҳабҳои сахттаъсири экстазию психотропӣ ва 345 грамм воситаи нашъадори навъи Метаамфитамин мусодира карда шудааст, боздоштшудагон ҳар як адади ҳабҳоро 100 сомонӣ ва ҳар як грамми Метаамфитаминро бо нархи 500 сомонӣ қабул намуда, мебоист ҳар як адади ҳабҳоро 200-250 сомонӣ ва ҳар як грамми метаамфитаминро ба маблағи 800-1000-сомонӣ ба фуруш мегузоштанд.


  Кормандони милитсия ҷиҳати муайян намудани шахсияти нафарони асосии интиқолдиҳандаи ҳабҳои наркологӣ аз хориҷи кишвар маҷмуи чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, муайян намуданд, ки онҳо, шаҳрвандон; Ғуломов Вайсиддин Ҷамшедович, санаи таваллудаш 9-уми ноябри 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб ва Шамсов Муҳаммад Фурқатович санаи таваллудаш 24-уми июни 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб буда, далелҳои тафтишотӣ собит намуд, ки онҳо шабакаи нашъаҷаллоби трансмиллиро дар яке аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ созмон дода, давоми 2-соли охир дар чандин маврид тавассути ҳавопаймо бо ҳар роҳу васила ва истифода аз махфигоҳҳо ҳабҳои экстазию метаамфитаминро аз хориҷа ба кишвар интиқол ва бо воситаи дигар ҳаммаслаконашон, асосан дар маконҳои ҷамъшавии ҷавонон ба фурӯш мебаровардаанд.
  Айни замон нисбати ҳарду бо моддаи 200-қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар ҷустуҷӯи расмии байналмиллалӣ, аз руи хати Интерпол қарор дода шуда, ҷиҳати боздошту баргардонидани онҳо гуфтугу бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

  Бояд гуфт, ки дар ин ду ҳолате, ки аз паҳншавӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт пешгирӣ карда шуд, рохбарони шабакаи трансмиллӣ аз мусофирони хастайрҳои ҳавоӣ истифода намудаанд. Мусофирон, ки аслан аз мавҷудияти воситаҳои нашъадор дар дохили дастгоҳҳои интиқолшаванда огоҳ набуданд, бо гирифтани маблағҳои ночизе дар дохили бағоҷи худ дастгоҳҳои техникиро, ки дар дохилашон воситаҳои нашъадор мавҷуд буданд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додаанд. Вобаста ба ин мақомоти тафтишотӣ кулли мусофиронро ба таври қатъӣ огоҳ месозад, ки аз овардану интиқол додани ҳар гуна ашёҳои шубҳаовар аз хориҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ намоянд.
  Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир воситаи нашъадори навъи Метаамфитамин ба истилоҳи олами ҷиноӣ “Кристалл ё худ Шиша” дар байни қочоқчиёни воситаҳои нашъадор ва истеъмолкунандагони он маъруфият пайдо намуда, муомилоти ғайриқонунии он бештар гардидааст.
  Давоми ҳафтаи мазкур дар идомаи силсилаамалиётҳо кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар доираи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 4-нафар шаҳрвандон: Сафаров Баҳодурхон Қурбоналиевич соли таваллудаш 31-уми марти 1972 истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ;


аъзоёни як оила: Шарипов Наҳтулло Мирзохонович соли таваллудаш 13-ми марти 1976,
Шарипов Алихон Мирзохонович соли таваллудаш 23-юми марти 1982 ва ҳамсараш Наимова Фируза Абдуллоевна соли таваллудаш 6-уми августи 1983, сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки маҳз ба хариду фуруши воситаи нашъадори навъи Метаамфитамин машғул будаанд. Дар натиҷа аз ин гуруҳ ба миқдори 182 грамм мусодира карда шуд. Тавре зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, дастгиршудагон Сафаров Баҳодурхон ва бародарон Шариповҳо бо ҳар роҳу восита аз гуруҳҳои нашъаҷаллоб воситаҳои нашъадор, махсусан Метаамфитаминро харидорӣ намуда, бо мақсади дар оянда паҳну ба фуруш баровардани ин навъи мухаддарот байни ҷавондухтарон – дастгиршуда Наимова Фирузаро ба ин гурӯҳ ҷалб намудаанд. Бояд гуфт, ки ин амалкарди мардони боздоштшуда таҳқир ва иснод ба шаъну шарафи зан модари тоҷик аст!!!


  Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи амалиёту чорабиниҳои якҳафтаинаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ки бо мақсади муайяннамоии сарчашмаву паҳнакунандагони воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт равона карда шуд, 3 ҳолат муайян, дар маҷмуъ 1990 адад ҳабҳои сахттаъсири психотропию синтетикӣ ва 527 грамм Метаамфитамин мусодира карда шудааст. Ин миқдор воситаҳои нашъадори мусодирашуда, тибқи нишондоди боздоштшудаҳо дар бозори сиёҳ зиёда аз 1 млн 24 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, бо пешгирӣ аз паҳншавии он то андозае пеши роҳи нашъамандии сокинон гирифта шуд.
  Бояд гуфт, ки дар натиҷаи силсилаамалиётҳои якҳафтаина нисбати 11 нафар шахсони дастгиршуда, нашъаҷаллоб ва паҳнкунандагони воситаҳои нашъадор тибқи талаботи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба ошкор ва дастгир кардани дигар нафарони нашъаҷаллоб идома доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin