Ҳабси донишҷӯ: ронанда 2 нафарро дар бағоҷи автомашина савор ва идора намудааст

Ҳабси донишҷӯ: ронанда 2 нафарро дар бағоҷи автомашина савор ва идора намудааст

  Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёта Каролла» рақами қайди давлатиаш 8844ОН01 дар бағоҷи автомашина ду нафарро савор намуда, дар кӯчаҳои пойтахт бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ автомашинаи худро идора мекунад.


  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайяну боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Зоиров Самариддин Хоҷаевич санаи таваллудаш 07. 07. 2002, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковский, донишҷӯи Факултети муносибатҳои байналмилалӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
  Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян гардид, ки Зоиров Самариддин шаби 17-уми июни соли ҷорӣ ду нафар рафиқони ноболиғашро дидаву дониста дар бағоҷи автомашина ҷойгир ва автомашинаи худро дар кӯчаҳои пойтахт идора намудааст, ки бо ин амалаш хилофи Қоидаҳои ҳаркат дар роҳ амал намуда, ба ҷону саломатии ноболиғон хатари ҷиддӣ таҳдид ва меъёрҳои ахлоқии ҷомеаро барқасдона вайрон намудааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Зоиров Самариддин тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin