• Home »
  • ХАБАР »
  • Латукӯби се хоҳарон баъди гаппартоӣ: ҷавонони бадахлоқ боздошту ба ҳабс гирифта шуданд!
Латукӯби се хоҳарон баъди гаппартоӣ: ҷавонони бадахлоқ боздошту ба ҳабс гирифта шуданд!

Латукӯби се хоҳарон баъди гаппартоӣ: ҷавонони бадахлоқ боздошту ба ҳабс гирифта шуданд!

  Новобаста аз он, ки аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбати ҷавонони бадахлоқу авбош барои гаппартоӣ, дашному ҳақорат ва таҳқири занону бонувон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда, ҳеҷ як кирдори зиддиҳуқуқӣ беҷавоб намемонад, ҳанӯз ҳам дар ҷомеа ин падидаи номатлуб решакан нагардида, баъзе аз ҷавонписарон аз бартарияти ҷинсии худ истифода бурда, ҷавондухтаронро дар кӯчаву роҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо мавриди озор қарор медиҳанд. Аз ҷумла 3-нафар ҷавонзанон-апаву хоҳарон, сокинони шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ва ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати як гурӯҳ ҷавонписарони авбош чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҷавонони авбош ҳангоми дар кучаи Ҳ.Шерозӣ ба гуштугузор машғул шудани муроҷиаткунандагон ҳамроҳи фарзандони ноболиғашон, нисбати 3 хоҳарон гаппартоӣ намуда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латукуб қарор додаанд, ки дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.


  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои операвтивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт шахсияти ҷавонони дар навор инъикосёфта муайяну дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас гардиданд. Инҳо шаҳрвандон:
Ғаниев Ҳусейн Мирзоалиевич санаи таваллудаш 07.11.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак;


Қурбонов Алиҷон Нуруллоевич санаи таваллудаш 28.05.1996 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак мебошанд.


  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши шоҳидону гумонбарон муайян карда шуд, ки санаи 14-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқаи шаб Ғаниев Ҳусейн ҳамроҳи рафиқаш Қурбонов Алиҷон ҳангоми дар назди манзили истиқоматии ҷабрдидагон воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштан, нисбати ин 3 хоҳарон, гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон дастгиршуда Ғаниев Ҳусейн бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лағат зери латукӯби қарор дода, ба яке аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
  Воқеан нисбати зан-модар ва ҳатто дар назди фарзандони ноболиғи онҳо раво дидани чунин бадрафторӣ аз оини ҷавонмардӣ набуда, ин амали ғайриинсониву ғайриқонунии гумонбаронро ҳамагон маҳкум менамоянд.
  Вобаста ба ин айни замон нисбати ҳар ду Ғаниев Ҳусейн ва Қурбонов Алиҷон тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin