Диққат! Милитсия ҷустуҷӯ мекунад!

Диққат! Милитсия ҷустуҷӯ мекунад!

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Гулов Диловар Шералиевич (ному насаби дигараш: Шерализода Диловар Шералӣ), санаи таваллудаш 18.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо, ки қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст, боз барои содир намудани ҷинояти навбатӣ – авбошии гуруҳӣ тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз санаи 19.05.2021 дар кофтукови расмӣ қарор додааст.
  Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доред, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳед.
  Илова бар ин Шумо метавонед маълумоти худро ба суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоед:

Почтаи электронӣ:  rvkddushanbe@mail.ru

Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук:   “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”

Саҳифаи расмии Раёсат дар Инстаграмм:  dushanbepolice

  Маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin