• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Боздошти як қатор автомашинаҳои гаронарзиш барои бетартибиҳои шабона дар кӯчаҳои пойтахт зимни амалиёти «Тартиботи шабона»
Боздошти як қатор автомашинаҳои гаронарзиш барои бетартибиҳои шабона дар кӯчаҳои пойтахт зимни амалиёти «Тартиботи шабона»

Боздошти як қатор автомашинаҳои гаронарзиш барои бетартибиҳои шабона дар кӯчаҳои пойтахт зимни амалиёти «Тартиботи шабона»

  Дар қисмати шабона вайрон кардани тартиботи қонунгузорӣ дар роҳҳои марказии пойтахт аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аксари онҳо гаронарзиши хориҷӣ мебошанд, ба ҳаракати бемамонияти шаҳрвандону дигар воситаҳои нақлиёт халал расонида, боиси костагардонии маданияти шаҳрдорӣ гардидааст. Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо истифода аз бахшҳои опертивӣ ва тафтишотию бозрасии милитсияи пойтахт дар якчанд марҳила амалиёти шартии «Тартиботи шабона»-ро роҳандозӣ намуд.


  Зимни баргузории амалиёт ҳолатҳои зиёди дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз қабили:
– таваққуф дар қатори дуюму сеюми роҳ, махсусан назди тарабхонаву қаҳвахона ва марказҳои хуроки умум;
– банд намудани гузаргоҳҳои пиёдагардон ва риоя накардани талаботи аломатҳои манъкунанда;
– бе назорат гузоштан ва таваққуфи дуру дароз дар дохил ва назди истгоҳҳо;
– бо садои баланди гушхарош яку якбора аз ҷойи ист ҳаракат додани воситаи нақлиёт ва насби дастгоҳҳои худсохти садобаландкунанда;
– бе Иҷозатномаи сиёҳшиша ва рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудани воситаи нақлиёт, ки ҳамаи ин аз костагии ахлоқу маданият ва амалҳои ношоистаи чунин афрод дарак медиҳанд, ошкор ва нисбати ронандагон, ки аксарашон ҷавононанд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
  Махсусан дар вақти шабона бетартибӣ ва қоидавайронкуниҳои дағали баъзе аз ронандагон дар назди тарабхонаю нуқтаҳои хуроки умум, ки боиси монегии ҳаракати мунтазами дигар воситаҳои нақлиёт гардидааст, боиси нигаронист. Аз ҷумла зимни амалиёти профилактикӣ дар назди тарабхонаю қаҳвахонаҳои Мерве, Бухоро, Баҳори Аҷам, Сафо, Читир-Уста, Амонҷон, Сихкабоби Хуҷандӣ, меҳмонхонаи Вахш муайян гардид, ки мизоҷони ин марказҳои хизматрасонӣ, талаботи Қоидаҳои ҳаркат дар роҳро дағалона вайрон намуда, бо таваққуф намудан дар қаторҳои дуюму сеюм ва роҳи пиёдагард ба равуои озоди дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеагӣ эҷод менамоянд.
Аз ҷумла:
– ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёта-камрӣ» рақами қайди давлатиаш 1010NS01 Саидов Абдураҳмон Адолатшоевич;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-RX 350» рақами қайди давлатиаш 4444ХН01 Далиев Нуриддин Фарҳуллоевич;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёта-камрӣ» рақами қайди давлатиаш 7004КО01 Шарифов Абубакр;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-RX 400» рақами қайди давлатиаш 6888SB01 Бобомуродов Аҳлиддин Акмалович;

Инчунин 140 далел чунин қоидавайронкуниҳо ошкору нисбати ронандагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
  Ҳолати нигаронкунандаи дигаре, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур муайян гардид, ин дар хиёбони Рудакӣ – кучаҳои марказии пойтахт таваққуфи автомашинаҳо дар қатори якуму дуюми ду тарафи роҳ, ҷамъшавии гуруҳии ронандагон дар қитъаҳои паҳлуии роҳ, аз театри Опера ва балет то майдони Исмоили Сомонӣ махсусан, дар рӯ ба рӯйи Боғи Устод Рӯдакӣ ва бо садои баланди гушхарош идора намудани воситаҳои нақлиёт аст, ки ин амали номатлуби онҳо боиси коста гардидани симои пойтахт шудааст.
  Дар доираи амалиёт барои насбу истифодабарии дастгоҳҳои худсохти садодиҳанда ва бо овози баланду гушхарош дар кӯчаҳои марказии пойтахт идора намудани воситаҳои нақлиёт шаҳвардони зерин:
-ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс С-350» рақами қайди давлатиаш 0099NN01, Исмоилов Аббос Авазхонович, соҳибкор-соҳибмулки мағозаи либосҳои мардона;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами давлатиаш 700LL01, Воҳидов Мурод Сафаралиевич, соҳибкор;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами давлатиаш 1010VV03, Сулаймонов С;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер» рақами транзитиаш С-1973Е07 Ҷамолиддини Акмалиддин, устои мошин;

 

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш 7082RC01 Раҷабов Иззатулло Қудратуллоевич;


-ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 6667МК01 Шукуров Муҳаммад Комилович соҳибкор-сохтмончӣ»

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-014» рақами қайди давлатиаш 7770YH01, Раҳимов Соҳибкиром Содиқович донишҷӯи курси 4-уми ДТҶ ба номи С. Раҳимов;


-ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада» рақами қайди давлатиаш 0020РС01, Сафаров Рустам Ҳамзаевич;


боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва ҳуҷатгузорӣ карда шуда, ҳолатҳои мазкур дар нуктаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт бартараф карда шуданд. Зимни амалиёт дар умум 23 чунин ҳолат ошкор карда шуд.
  Ҳамзамон дар рафти амалиёти «Тартиботи шабона» якчанд ҳолатҳои идораи автомашинаҳои сиёҳшишаи бе Иҷозатнома, аз ҷумла дар қисмати пеш (ба истилоҳи ҷавонон напавал), насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва рақамҳои қайди давлатии бегона муайяну ошкор карда шуд.
Чунончӣ:
-ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус LX 570» рақами қайди давлатиаш 1111RR07 Маллаев Бунёд Шамсиддинович, соҳибкор бо рақамҳои давлатии бегонаи 007ВМ01;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёта королла», рақами қайди давлатиаш 0019РТ01 Амриддини Алишер соҳибкор-хазиначии тарабхонаи «Сафо» барои насби шишаҳои сиёҳ дар қисмати пеши автомашина;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайёта-камрӣ» рақами қайди давлатиаш 5555NN01, Боқиев Абдулло Муҳаммадҷонович соҳибкор барои насби чароғакҳои иловагии равшанидиҳанда;

-ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ х5» рақами қайди транзитиаш Е-6777С  Кенҷаев Фирдавс Бахронович, бо рақамҳои давлатии бегонаи  100 CR 01;


ошкору муайян ва нисбати ҳар яки онҳо маводҳои лозимӣ тартиб дода шуда, то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта автомашинаҳои мазкур ба майдончаи ҷаримавии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуданд.
  Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи баргузории се марҳилаи амалиёти «Тартиботи шабона» дар умум 374 ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар қисамти шабона аз соати 21.00 то 23.00 ошкор ва нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонуниву профилактикӣ андешида шудааст.
  Мушоҳидаи чунин ҳолатҳо ҳар яки моро водор месозад, ки нисбати амалу кирдорҳои номатлуб ва халалдоркунандаи тартиботу оромии шаҳрвандон ва фарҳангу маданияти шаҳрдорӣ бетараф набуда, ҷиҳати бартаф ва ислоҳи он сахми худро гузорем.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin