• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти миёнарав: ошкорсозии ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо
Боздошти миёнарав: ошкорсозии ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо

Боздошти миёнарав: ошкорсозии ҳолатҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо

  Мақомотҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва назорати пешгирии ба таври сунъӣ боло бурдани нархи он тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, тибқи як реҷаи муайянгардида ба шаҳрвандон ҷиҳати сафар ба кишварҳои хориҷа чиптаҳои ҳавопаймо фурухта шуда истодаанд.
  Новобаста аз чораҳои андешидашуда баъзе аз тоҷирону шаҳрвандони алоҳида ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба таври сунъӣ нархи чиптаҳоро боло бурда, боиси ба миён омадани ташвиш ва норозигии шаҳрвандон гардидаанд. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ду нафар ҳамчун гумонбар дастгир карда шуданд.


  Шарипов Нуриддин Саидович санаи таваллудаш 2-юми апрели соли 1965 истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ки қаблан ду маротиба бо ҷурмҳои гуногун суд шудааст, бо шаҳрванд Қодирова Саховат Исрофиловна санаи таваллудаш 12-уми октябри соли 1990, ки ҳамчун хазиначӣ дар нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар ширкати «Зур-Тур» фаъолият мекунад, маслиҳати пешакӣ намуда, ба муштариён чиптаҳои ҳавопайморо аз нархи муқарраргашта гарон ба фурӯш гузоштаанд.
  Воқеан ин амали номбурдагон, ки ба таври сунъӣ нархи чиптаҳои ҳавопайморо боло бурда, боиси норозигии шаҳрвандон шудааст, хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Нуриддин Шарипов тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) ва нисбати Қодирова Саховат тибқи талаботи моддаи 294 қисми 2 (фиреби истеъмолкунандагон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз када шуда, нисбати охирон бинобар дар тарбияаш вуҷуд доштани кудаки ноболиғ чораи пешгирӣ дар намуди набаромадан аз маҳали зист ва нисбати боздоштшуда Шарипов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ ва тафтишот ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin