Ҳалокати донишҷӯ дар садама: боздошти ронандаи «1111 – таксӣ»

Ҳалокати донишҷӯ дар садама: боздошти ронандаи «1111 – таксӣ»

  Навори садамае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, санаи 22-юми марти соли ҷорӣ тахминан соати 11:10 дақиқа дар кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе рух додаст.

  Зимни санҷиши фаврии пешакӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ки саривақт дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштанд, муайян карда шуд, ки садамаи мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи «Волсваген поло» аломати қайди давлатиаш 9340 ТТ 05, Миров Аслиддин Нурмаҳмадович санаи таваллудаш 25.03.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Навобод содир намудааст. Номбурда, ки ба ҳайси ронандаи автомашинаи мусофиркаш дар ширкати «Сафар Ориён» (1111) фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард ҷавони 20-солаи сокини н. Варзоб, донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи исломии Тоҷикистонро зада аз пой меафтонад. Ҷавони пиёдагард дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.


  Айни замон нисбати ронанда Аслиддин Миров тибқи талаботи моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

  Вобаста ба ҳолати мазкур аз кулли ронандагону пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона талаб карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ ба шитобкорӣ роҳ надода, бо риояи талаботу Қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд.

  Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin