Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

  Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон маҳфили идона доир гардид.

  Дар чорабинии идона ҳамаи корманд-заноне, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе кору фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Чорабинии идонаро нахуст Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ифтитоҳ бахшида, дар оғоз номаи табрикотии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба муносибати таҷлили иди занону бонувон «Рӯзи Модар» қироат намуда, тамоми бонувони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ – «Рузи Модар» табрик намуд.


  Шариф Назарзода ҳамчунин зимни ироаи паёми табрикотиаш тамоми модарону бонувони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, корманд-занони мақомоти милитсияи шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни саиду фараҳбахш “Рӯзи Модар”, ки дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ – эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебо таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо муваффақияту комгорӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон пешравиҳои нав ба навро таманно намуд. Номбурда инчунин аз мақому манзалати зан-модар, нақши арзандаи ӯ дар тарбияи ҷомеа сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар сафи мақомоти милитсия шумораи зиёди занон низ кору фаъолият дошта, бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш дар баробари мардон баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият намуда, аз иҷрои масъулиятҳои бар душашон вогузор гардида, бо сарбаландӣ мебароянд.


  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ҳамаи корманд-занҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахт, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон додаанд бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin