Амалиёти «Пиёдагард» (навор): Ҷаримабандии 2948 пиёдагардон барои убури ғайриқонунии роҳ

Амалиёти «Пиёдагард» (навор): Ҷаримабандии 2948 пиёдагардон барои убури ғайриқонунии роҳ

  Нодида гирифтани аломатҳои танзимкунанда ва роҳ додан ба қоидавайронкунӣ аз ҷониби иштирокчиёни ҳаракати роҳ махсусан пиёдагардон дар бештари маврид ба садама ва оқибатҳои нохушоянд меанҷомад. Тибқи таҳлилҳо пиёдагардон ҳангоми убури роҳ аз ҷароғаки роҳнамо, аломатҳои танзимкунанда ва гузаргоҳҳои зеризаминию рӯизаминӣ истифода накарда, шитобкорона бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ роҳро убур мекунанд, ки ин боиси ба миён омадани ҳолатҳои зеркунии пиёдагардон ва дар бисёр ҳолатҳо сабабгори ба ҳалокат расидани онҳо мешавад.


  Боиси нигаронии амиқ он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳангоми аз як самт ба самти дигари роҳ гузаштан, ҳамзамон аз болои панҷараҳои ороишӣ мегузаранд, ки ин амали онҳо бар хилофи одобу рафтори инсонӣ ва маданияту фарҳанги шаҳрнишинӣ буда, боиси бармаҳал вайроншавӣ ва косташавии ҳусни пойтахт мегарданд.
Вобаста ба ин кормандони БДА раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати маърифатнокӣ ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқиву риояи бечунучарои талаботу қодаҳои ҳаракати роҳ амалиёту корҳои фаҳмондадиҳию профилактикиро дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ба таври доимӣ баргузор менамоянд. Маҳз натиҷаи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ боиси коҳишёбии амалу кирдорҳои хилофи қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандон гардида бошанд, ҳам вале ҳамоно дар баъзе аз ҷоддаву роҳҳои ҳудуди пойтахт аз ҷониби пиёдагардон риоя нагаштани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронист.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур тибқи супориши роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо истифодаи қуваю воситаҳои БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои садамонокӣ бо иштироки пиёдагардон, аз санаи 2-юми март то 2-юми апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии «Пиёдагард»-ро ташкил ва гузаронида истодаанд. Танҳо давоми ду ҳафтаи сипаришуда дар натиҷаи баргузории ин амалиёт зиёда аз 2948 нафар пиёдагардон, ки аз ҷойи номуқаррагашта роҳро убур мекарданд дар макони қоидавайронкунӣ бо истифода аз баргакҳои ҷаримавӣ ба андозаи 7,50-дирам ҳар як нафар қоидавайронкунанда ҷаримабандӣ карда шуда, ба таври қатъӣ ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.


  Зимни баргузории амалиёти мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ, яъне назди «Универмаги марказӣ» маълум гардид, ки новобаста аз мавҷудияти гузаргоҳи зеризаминӣ мутаассифона бархе аз шаҳрвандону пиёдагардон бар хилофи қоидаҳои роҳгузарӣ амал намуда, бо ба вуҷуд овардани ҳолатҳои садамавӣ яку якбора бо шитобкорона роҳро убур мекарданд. Бо мақсади бартараф ва пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо дар қисмати ҳамшафати роҳ монеа-панҷараҳои оҳанин гузошта шуданд, ки пиёдагардонро аз убури ғайриқонунии роҳ бозмедоранд. Аммо мутаассифона баъзе аз шаҳрвандон ба таври хунукназарона бо нишон додани сатҳи фарҳангу маданияти худ монеа-панҷараҳои гузошташударо яктарафа намуда мехоҳанд роҳро ғайриқонунӣ убур кунанд.


  Воқеан ҳолати мазкур боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, шаҳрвандон бо иҷрои чунин амалҳо ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Тибқи таҳлилҳо аз аввали сол то ба имрӯз дар ҳудудди шаҳри Душанбе 47 адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо 10 нафар ба ҳалокат расида, 51 нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳои пойтахт бистарӣ карда шудаанд. Аз шумораи умумии садамаҳои рухдода 36 ададшон ё 94,2% фоизашро зеркунии пиёдагардон ташкил медиҳанд.


  Аз ҷумла чунин як садамаи марговари нақлиётӣ санаи 13-уми марти соли ҷорӣ дар кӯчаи И. Сомонии пойтахт рух дод, ки дар натиҷаи он як нафар пиёдагард ба ҳалокат расид. Тибқи санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автобуси тамғаи «Лиаз» рақами қайди давлатиаш 0472 ТТ 05 таҳти идораи шаҳрванд Маҳмадраҷабов Абдулмумин аз сабаби аз ҷойи номуайяншуда ва бо шитоб гузаштани пиёдагард Киромиддинов Бухорӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ӯро тавассутит қисмати пеши автомашиааш зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷаи ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат мерасад.


  Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд сабабгори чунин садамаҳои нақлиётӣ аз як ҷониб аз беэҳтиётии ронандагон бошад аз ҷониби дигар фориғболию истифодаи телефони мобилӣ ва гуш кардани мусиқӣ тавассути гушмонак ва аз ҷойи номуайян убури роҳ аз ҷониби пиёдагардон мебошад.
  Бо назардошти ин аз ҳар як нафар иштирокчии ҳаракат дар роҳ талаб карда мешавад, ки ҳангоми убури кучаву роҳҳо талаботу қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Зеро яклаҳзаина шитобкориву фориғболӣ нафаронеро аз ҳаёт маҳрум ва ё маъюби якумра мегардонад.


  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон махсусан пиёдагардону ронандагон эҳтиромона талаб менамояд, ки ҳангоми убури кӯчаву роҳҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд, зеро як лаҳзаина шитобкорӣ метавонад риштаи ҳаёти шуморо ба анҷом расонад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin