• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти шартии «Корд» (навор): Мусодираи беш аз 30-адад силоҳи сард ва ҳабси фурушандаи он
Амалиёти шартии «Корд» (навор): Мусодираи беш аз 30-адад силоҳи сард ва ҳабси фурушандаи он

Амалиёти шартии «Корд» (навор): Мусодираи беш аз 30-адад силоҳи сард ва ҳабси фурушандаи он

  Ҷиҳати пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт пайваста рейду амалиётҳои дахлдор баргузор карда мешавад. Аз ҷумла дар доираи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсия як нафар фурӯшанда ва паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда аз қабили кордҳои гуногунтамға муайяну ошкор ва фурушандаи он дастгир карда шуд.


  Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ зимни санҷиш муайян гардид, шаҳрванд Эмомов Алиакбар Сафарович соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт бар хилофи талаботи қонунгузорӣ фурӯши предметҳои таркибан силоҳмонандро ба роҳ мондааст.


  Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур зиёда аз 30 адад чунин предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.
  Зимни пурсиш шаҳрванд Эмомов Алиакбар изҳор дошт, ки предметҳои зикршударо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯш гузоштаст, ки онро асосан ҷавонону ноболиғон харидорӣ мекардаанд. Воқеан ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балкӣ бо мақсади бо худ нигоҳ доштану тарс додани рақибони худ харидорӣ мекунанд, ки оқибати фалокатбори он ба ҳамагон маълум аст.


  Бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Эмомов Алиакбар протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin